Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидон аз таркиш дар назди сафорати ИМА дар Пекин хабар доданд


CHINA - Chinese police stand outside the US embassy in Beijing on July 26, 2018 following a blast near the embassy premises.

Дар назди сафорати ИМА дар шаҳри Пекини Чин рӯзи панҷшанбе ба эҳтимоли зиёд таркише рух додааст. Шоҳидон мегӯянд, аз биное, ки намояндагони дипломатии Амрико ҷойгир шудаанд, садои баланди таркиш шунида шуд.

Дар наворе, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, шумори зиёди пулис ва назди бинои намояндагии дипломатӣ ба назар мерасид.

Дар бораи зарардидаҳо маълумоте пахш нашудааст. Атрофи бинои сафорат дар иҳотаи пулис қарор дорад.

Нашрияи давлатии Чин Global Times ин ҳодисаро "талоши худсӯзӣ" шарҳ медиҳад. Ба навиштаи нашрия, пулис дар ҷои ҳодиса занеро боздошт кард, ки дар сару рӯяш бензин пошида буд. Сафорати ИМА то кунун дар бораи ин моҷаро хабаре пахш накардааст.

Видеоҳои охирин

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG