Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шигифтиҳои интихоботи Покистон -- ҳизби Имрон Хон пешсаф аст


Гузоришҳо аз Покистон аз он ҳикоят дорад, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи чаҳоршанбе дар он кишвар, "Ҷунбиши инсоф"-и собиқ чавгонбози машҳур Имрон Хон бо ба даст овардани шумораи қобили мулоҳизаи райъи мардум, пешсаф аст.

Ҳизби Навоз Шариф ақиб афтод

Бар пояи маълумоте, ки рӯзномаи маъруфи покистонӣ Dawn бо такя ба мақомоти Комиссияи интихоботии Покистон нашр кардааст, Ҷунбиши инсофи Имрон Хон аз ҳизбҳои пуриқтидори Робитаи мусалмонон бо раҳбарии Шаҳбоз Шариф, бародари нахуствазири пешин Навоз Шариф ва Ҳизби мардумии Покистон, бо раҳбарии Биловар Бҳутто Зардорӣ, писари Осиф Алӣ Зардорӣ ва Беназир Бҳутто, дар фосилаи ниҳоят зиёд қарор дорад. Эътилофи аҳзоби исломӣ дар ин интихобот раъйи андаке ба даст овардаанд

Дар таърихи Покистон то ба ҳол ҳеҷ як нахуствазир давраи панҷсолаи маъмурияти худро ба поён нарасонидааст - ё барканор шудааст ё ба табаддулоти низомӣ рӯ ба рӯ гаштааст.

Бо он, ки Комиссияи мустақили интихоботи Покистон гуфтааст, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии ин кишварро имрӯз, панҷшанбеи 26-уми июл эълон мекунад, аммо бар пояи натиҷаҳои ибтидоӣ, ҳизби Имрон Хон аз 272 курсии порлумон 113 ҷойро ба худ ихтисос додааст ва дар мақоми аввал қарор дорад. Дар мақоми дувум бо 64 курсӣ Ҳизби робитаи мусалмонон (шохаи Навоз Шариф) ҷой гирифтааст ва Ҳизби мардумии Покистон 43 курсиро аз они худ кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки раҳбари Ҳизби робитаи мусалмонон (шохаи Навоз Шариф) Шаҳбоз Шариф шаби гузашта ва пеш аз эълони натиҷаҳои интихобот гуфт, ки натиҷаҳои онро нахоҳанд пазируфт, зеро дар ин интихобот тақаллуби густурда сурат гирифтааст.

Имрон Хон ҳамаро ҳайратзада кард

Ин барои бори аввал аст, ки дар таърихи сиёсии Покистон Ҷунбиши инсоф қудратмандона вориди сиёсат мешавад ва фурсати ташкили ҳукуматро ба даст меорад. Дар таърихи сиёсии ин кишвар қудрат ҳамеша миёни Ҳизби робитаи мусалмонон ва Ҳизби мардумӣ, дасти ба даст будааст.

Гуфта мешавад, ки Имрон Хон аз пуштибонии билқувваи низомиён бархӯрдор аст. Артиш дар Покистон аз қудрати вижае бархӯрдор аст ва худ дар ин кишвар барои солҳо ҳукмронӣ кардааст. Ба бовари таҳлилгарон, ҳар гурӯҳ ва ё ҳизбе, ки дар Покистон аз пуштибонии артиш бархӯрдор набошад, сахт аст, ки ба ҳукуматдории худ идома бидиҳад.

Порлумони Покистон дар маҷмӯъ 342 курсӣ дорад, ки 272-тои он бо раъйи мардум ба таври мустақим интихоб мешавад. 60 курсӣ барои занон ва 10 курсии дигар барои ақалиятиҳои динӣ ихтисос ёфтаанд. Барои соҳиб шудан ба аксарияи мутлақ, як ҳизб бояд 137 курсиро аз они худ кунад.

Нахуствазирҳои "ноком" дар Покистон

Низоми сиёсӣ дар Покистон порлумонӣ мебошад ва президент дар он нақши сумбулик ва ё рамзӣ дорад. Дар таърихи Покистон то ба ҳол ҳеҷ як нахуствазир давраи панҷсолаи маъмурияти худро ба поён нарасонидааст - ё барканор шудааст ё ба табаддулоти низомӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Охирин намунаи он, барканории Навоз Шариф мебошад, ки дар тобистони соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии он кишвар ба иттиҳоми фасоди молӣ, аз мақомаш сабукдӯш ва баъдан бо ҳукми додгоҳ барои 10 сол равонаи зиндон шуд.

Раванди раъйгирии рӯзи гузашта дар Покистон бо хушунат ва идомаи ҳамлаҳои интиҳорӣ ҳамроҳ буд. Дар ҷараёни як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кветта ҳадди ақал 31 нафар ккушта ва 35 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла дар наздикии як ҳавзаи интихоботӣ сурат гирифт. Ба навиштаи расонаҳо, гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъули ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG