Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи пурқурбонӣ дар рӯзи интихоботи Покистон


Ҳамлаи рӯзи интихобот дар Покистон. 25 июли соли 2018
Ҳамлаи рӯзи интихобот дар Покистон. 25 июли соли 2018

Рӯзи 25 июл дар як ҳамла ба шаҳр Кветтаи Покистон дастикам 29 нафар кушта шуд. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters дар ҳамла 30 нафар захм бардошт ва ҳолати баъзеи онҳо вахим арзёбӣ мешавад. Ҳамла дар рӯзи интихоботи умумӣ дар Покистон ҷараён гирифт. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳамлагари маргталаб худро дар назди мошини пулис тарконд.

Гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" худро масъули ин ҳамла эълон кард. Макони таркиш дар иҳотаи пулис қарор гирифт ва гурӯҳи минарӯбҳо боз як як бомбаи нотаркидаро дар бадани ҳамлагар ошкор карданд.

Рӯзи чоршанбе дар Покистон интихоботи умумӣ ба палатаи поёнии порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ оғоз шуд.

Рақобати асосӣ барои 342 курсии порлумони Покистон миёни ҳизби "Таҳрики Инсоф"-и Имрон Хон ва Лигаи мусалмонии Покистон бо роҳбарии сарвазири пешини ин кишвар Навоз Шариф сурат мегирад. Шариф бо айби фасодкорӣ 10 сол зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG