Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cокинони "Султонбод" як мошин обро бо 300-400 сомонӣ мехаранд


Сокинон бархе минтақаҳо дар Тоҷикистон як мошин оби ошомиданиро бар ивази 300-400 сомонӣ харидорӣ мекунанд. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озоди 25-уми июл раиси ҷамоати "Султонобод"-и ноҳияи Рӯдакӣ Муҳиддин Норбутаев тасдиқ кард. Вай гуфт, ки ҷамоати "Султонобод" дар қаламрави навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ёвон воқеъ аст ва аз соли 1993 ба оби полезӣ ва ошомиданӣ дастрасӣ надорад.

"Соли 1983 "Химзавод"-и Ёвон аз дарёи "Кофарниҳон" барои бароварда сохтани ниёзҳои худ қубури обгузар кашид ва сокинони ҷамоати мо низ метавонистанд аз он истифода кунанд. Дар он сол мо 520 гектар заминро барои кишоварзӣ истифода кардем. Аммо дар миёнаи солҳои 1990-ум корхонаи "Химзавод" тақрибан аз фаъолият бозмонд ва ҳамакнун сокинон як мошин оби нӯшокиро 300-400 сомонӣ харидорӣ мекунанд. Феълан ҳамаи заминҳои кишоварзӣ лалмӣ шудаанд ва мо наметавонем аз ин заминҳо пурсамар истифода кунем",- гуфт Муҳиддин Норбутаев.

Ахиран, мақомоти Кумитаи заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ эълон карданд, ки солҳои ахир ба далели кор накардани пойгоҳҳои обкашӣ дар кишвар ҳудуди 10 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ мавриди истифода қарор надоранд ва соҳибмулкон умдатан андози ин заминро ҳамчун заминҳои обӣ пардохт мекунанд.

XS
SM
MD
LG