Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷӯйборе дар Узбекистон пойи одамро ёфтанд


Дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарёи Узбекистон рӯзҳои 2 ва 3 июл аз ҷӯйборе, ки аз деҳаи Галлачӣ мегузарад, се пойи одам пайдо шуд. Дар ин бора як корманди пулиси Чироқчӣ ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 24 июл ба Бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ барои тасдиқи гуфтаҳои худ ба воситаи паёмакрасони Telegram нусхаи ду маълумотномаеро низ фиристод. Дар санадҳо омадааст, узвҳои ёфтшуда аз ҷӯйбори Эски анҳор барои муайян кардани сабабҳои марг ба Бюрои ташхиси судии тиббӣ фиристода шуданд.

Сардори Бюрои ташхиси судии тиббӣ Зебо Рӯзиева гуфт, дар ҳоли ҳозир, ҳуввияти"соҳибон"-и пойҳо маълум нест. Ӯ бо истинод ба сирри тафтишот аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кард.

Як корманди шуъбаи пулиси Чироқчӣ гуфт, пойҳои ёфтшуда ба ҷасади ду зан тааллуқ доранд. "Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ тамоми нишонаҳои сар задани ин ҷиноятро медонанд, вале онро пинҳон карда, мегӯянд, пойҳо дар натиҷаи офати табиӣ аз бадан ҷудо шудаанд", - афзуд ӯ.

Барои таъини ҳуввияти соҳибони пойҳо ташхиси ДНК гузаронида мешавад.

XS
SM
MD
LG