Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳамкориашро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кард


Сироҷиддин Аслов ва Ҳенри Эшнер
Сироҷиддин Аслов ва Ҳенри Эшнер

Ҳайъати Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятиро бо паҷ кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ кард. Мулоқоти намояндагони ин кишвар ва давлатҳои минтақа аз 20 то 23 июл дар Узбекистон ва Қазоқистон ҷараён гирифт.

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 23 июл хабар дод, ки мулоқот дар доираи формати С5+1 (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА) баргузор шуд.

С5+1 платформаи асосии дипломатии минтақа аст, ки дар доираи он ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ҳамгироиҳои иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният муколама мекунанд.

Маниша Сингх, ёвари котиби Бюрои масоили иқтисодӣ ва соҳибкорӣ ҳайати ИМА-ро дар гуруҳи кории масоили робитаҳои иқтисодӣ дар Алмато роҳбарӣ кард.

XS
SM
MD
LG