Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: "Дар бархе деҳаҳо ҳеҷ масҷид вуҷуд надорад"


Як гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон ҳар ҳоли ҳозир шумораи масҷидҳоро меомӯзад ва эҳтимол бархе масҷидҳо дубора иҷозаи фаъолият дарёфт кунанд. Масъулини Кумитаи дин мегӯяд, дар бархе деҳаҳо ягон масҷид вуҷуд надорад.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯзи 25 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар баъзе деҳаҳо 2-3 масҷид аст, вале дар бархе деҳаҳои дигар ягон масҷид фаъолият надорад. Раиси Кумитаи дин аз бархе масъулини масҷидҳо интиқод кард, ки баъди қабули қонун дар бораи озодии виҷдон масҷидҳои худро аз қайд расмӣ нагузарониданд.

Сулаймон Давлатзода ҳамчунин гуфт, гурӯҳи кории байнидоравӣ масъаларо омӯхта истодааст ва хулосаашро ба дастгоҳи раисҷумҳур ирсол хоҳад кард. Тибқи маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин феълан дар кишвар 3849 масҷид фаъолият доранд. Баста шудани масҷидҳои зиёд дар солҳои гузашта баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд.

Видеоҳои охирин

Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз низоми бонкдорӣ дар Тоҷикистон(HD)
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG