Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ ба Аврупо: Аз Тоҷикистон мурооти ҳуқуқи маҳбусонро тақозо кунед


Бузургмеҳр Ёров, аз назари ҳомиёни ҳуқуқ, яке аз он зиндониҳоест, ки бояд озод шавад
Бузургмеҳр Ёров, аз назари ҳомиёни ҳуқуқ, яке аз он зиндониҳоест, ки бояд озод шавад

Чор созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомоти аршади Иттиҳодияи Аврупо ва Комиссиюни Аврупо тақозо карданд, ки дар робита бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд, то ки ин кишвар дар амри иҷрои ӯҳдадориҳояш дар масъалаи мурооти ҳуқуқи башар ҷиддан амал кунад. Муроҷиатномаи рӯзи 23 июл ба унвонии Федерика Могеринӣ, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва раҳбарияти Комиссиюни Аврупоро созмонҳои Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинки, Freedom Now ва Мудофеони ҳуқуқҳои маданӣ (Civil Rights Defenders) имзо кардаанд.

Дар муроҷиати онҳо аз сарнавишти зиндониҳои сиёсӣ – Муҳаммадалии Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов, Далер ва Фирӯз Табаровҳо ва Хайрулло Мирсаидов ёдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, аз мақомоти Аврупо дархост шудааст, ки талаби озод кардани Ёров, Ҳаит, Саидов ва Мирсаидовро аз мақомоти тоҷик тақозо кунанд.

Талаби дигар – имкони боздиди онҳо дар зиндон, хатми азияти наздикони ин маҳбусон ва муҷозоти мақомоти ҷудогонаи муттаҳам дар шиканҷаи зиндониён мебошанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Иттиҳодияи Аврупо хостанд, ки мавзӯи беҳбуди ҳуқуқи башарро ҳамчун шарти идомаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ пеш гузорад. Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо дар фосилаи солҳои 2014 то 2020 қарор аст аз Иттиҳодияи Аврупо 251 миллион евро кӯмак дарёфт кунад ва ин маблағҳо, ба андешаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, бояд ба шарти иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон тақдим шаванд.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон батаъкид гуфтаанд, ки ин ва дигар афроде, ки ба унвони зиндониҳои сиёсӣ ёд мешаванд, на бо иттиҳомоти сиёсӣ, балки барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пушти панҷара рафтаанд. Рӯзи 19 июл ҳам Омбудсмени тоҷик Зариф Ализода батакрор дар нишасти хабариаш дар Душанбе гуфт: “Дар Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ нестанд”.

Ҳукми журналист Хайрулло Мирсаидовро фаъолони ҳуқуқ яке аз охирин ҳодисаҳои бо ангезаҳои сиёсӣ муҷозот шудани як шаҳрванди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Мирсаидов бо ҳукми рӯзи 11 июли додгоҳи Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум шуд ва наздикону ҷонибдоронаш ин ҳукмро ноодилона ва дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд.

Дар изҳороти намояндаи ИМА дар шӯрои доимии САҲА дар Вена ҳам рӯзи 19 июл ҳукми Мирсаидов “намунаи фишори афзоянда болои озодии матбуот дар Тоҷикистон” унвон шудааст. “Мо аз мақомоти тоҷик тақозо мекунем, ки ҳукми Мирсаидов бозбинӣ шавад”, гуфт намояндаи ИМА дар САҲА.

Додгоҳи Хуҷанд гуфт, ки гуноҳҳои Мирсаидов аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон исботи худро ёфт ва ӯ барои "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" ба зиндони низомаш сангин маҳкум мешавад. Ин ҳукм интиқодҳои зиёди дипломатҳои хориҷӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва маҳфилҳои журналистии Тоҷикистонро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG