Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия аз ҳукми эъдоми ду ҷиҳодӣ дар ИМА ҷилавгирӣ намекунад


Ҷангиёни хориҷӣ қабл аз ҳамлаи Ҳома
Ҷангиёни хориҷӣ қабл аз ҳамлаи Ҳома

Ҳукумати Британия аз эҳтимоли истифодаи ҳукми қатл нисбати ду шаҳрвандаш, ки аз ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" буданд ва ҳоло бояд дар ИМА мурофиа шаванд, пешгирӣ намекунад. Дар ин бора хабаргузориҳо гузориш доданд.

Александр Котӣ ва Ал Шафи Алшейх, ки барои боздошт, зиндонӣ, шиканҷа ва куштори гаравгонҳо дар ҷустуҷӯ буданд, моҳи январ дар Сурия аз тарафи Курдҳо боздошт шуданд.

Британия, ки мухолифи ҳукми эъдом аст, бо ИМА ин масъарао баррасӣ мекунад, ки ду навар дар куҷо дар курсии айбдорӣ нишинанд.

Дар як нома ба Додситони кулли ИМА, ки нусхаи онро Daily Telegraph дидааст, вазири дохилии Британия Соҷид Ҷовид гуфт, ки Лондон дар пайи эъдом нашудани ин ду нафар нест.

Созмони Афви байналмилалӣ ин изҳороти Британияро "ақибнишинии калон" номид, ки ба гуфтаи созмон ба мавқеи Британия ҳамчун таблиғгари зидди ҳукми қатл зарба мезанад.

XS
SM
MD
LG