Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз Узбекистон унвонҷӯ қабул мекунад


Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, аз моҳи сентябр ду унвонҷӯ (аспирант) ва 1 магистр аз Узбекистон барои таълифи рисолаҳои илмиву таҳқиқотӣ, ба Хуҷанд меоянд. Ҳамин тавр, риштаҳои ҳамкориҳои илмии қатъгардида байни Донишгоҳи Хуҷанду донишгоҳҳои Узбекистон аз нав пайванд мешавад.

Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки дар мулоқоте дар Хуҷанд чанде қабл Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ҳайъатҳои раҳбарияту омӯзгорони 3 донишгоҳи Узбекистон -- донишгоҳҳои Самарқанд, Фарғона ва Андиҷон дар бораи табодули илмии устодону донишҷӯён ва роҳандозии маҳфилҳои муштараки илмиву фарҳангӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Даъвати унвонҷӯён ва магистри Донишгоҳи Самарқанд ба Хуҷанд тибқи ҳамин созишнома сурат мегирад. Раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд афзуд, моҳи ноябри ҳамин сол дар Хуҷанд конфаронси муштарак бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён аз донишгоҳҳои Узбекистон доир мегардад.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бузурттарин муассисаи таҳсилоти олӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 20 ҳазор донишҷӯ дорад. Он дорои 16 факулта ва 76 кафедра буда, аз рӯи 74 навъ мутахассис омода мекунад.

То ибтидои солҳои 90-и асри гузашта дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шаҳрвандони Узбекистон низ зиёд таҳсил мекарданд. Вале бо гусастани риштаи ҳамкориҳо ва баста шудани хати марзи байни ду кишвар, омадани ҷавонони узбек барои таҳсил ба Хуҷанд низ қатъ гардид.

Айни замон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд танҳо як шаҳрванди Узбекистон таҳсил мекунад. Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир 85 нафар аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар ин донишгоҳ ба таҳсили илм машғул мебошанд.

XS
SM
MD
LG