Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори пешини Бишкек дар ростои боз як айби дигар


Албек Иброҳимов

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 23 июл бар зидди шаҳрдори пешини Бишкек Албек Иброҳимов бар пояи банди "коррупсия" айби нав эълон кард.

Ин айб дар доираи санҷиши парвандаи ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ эълон шудааст.

Иброҳимов гӯё бо сӯистифода аз мақоми худ ҳамроҳи мансабдорони дигари шаҳрдории Бишкек дар робита ба заминҳои воқеъ дар ҷануби пойтахти Қирғизистон нақшаи ҷиноиро роҳандозӣ кард. Онҳо заминҳоро нахуст ба номи баъзе ашхос ҷудо карда, баъдан тавассути ин афрод ба шахсони дигар фурӯхтаанд.

КДАМ-и Қирғизистон Албек Иброҳимовро 19 июл боздошт кард. Ба маълумоти кумита, шаҳрдори пешин чандин бор барои бозпурсӣ даъват шуд, аммо ба ҳеч яке аз суолҳои мақомот посух надод. Баръакс таҳдид кардааст, ки дар сурати боздошташ муқобилати мусаллаҳона анҷом медиҳад.

Додгоҳи Якуми майи Бишкек ӯро то 29 августи соли равон ба ҳабс гирифт. КДАМ мегӯяд, як қатор парвандаҳои ҷиноиеро тафтиш дорад, ки дар ҷараёни санҷиши онҳо фаъолиятҳои ғайриқонунии шаҳрдори пешини Бишкек ошкор шудааст.

Иброҳимов аз 10 июл дар рухсатӣ буд. 13 июл вакилони шаҳрии Бишкек ба вай изҳори нобоварӣ карданд. Сарвазири Қирғизистон фармони барканории ӯро имзо намуд.

Видеоҳои охирин

Хонуме ширкати таксиро бо истифодаи аксаш дар реклама муттаҳам мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:26 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG