Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти хабарнигори 28-солаи Радиои Озодӣ


Уланбек фақат 28 сол дошт.

Уланбек Эзгибоев, яке аз хабарнигорони шинохтаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар синни 28-солагӣ даргузашт. Сабаби дақиқи маргаш эълон нашудааст.

Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯро нисфирӯзии 22-уми июл дар кӯле дар шаҳри Чолпон Ато дар ҳоли ғарқ шудан мушоҳида карда ва аз об берун овардаанд. Ӯро дар ҳоли беҳушӣ ба шифохона бурдаанд, вале дар онҷо ҷон додааст. Мақомоти вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯянд, ки сабаби ҳалокати хабарнигори ҷавонро таҳқиқ мекунад.

Уланбек Эзгибоев, яке аз хабарнигорони шинохта дар Қирғизистон буд ва соли 2016 барои як гузориши видеоиаш роҷеъ ба ҷавони маълуле ҷоизаи мӯътабари «Вебби Авард»- ро соҳиб шуд. Ӯро барои гирифтани ҷоиза ҳамроҳ бо қаҳрамонаш ба шаҳри Ню Йорк даъват карданд.

Уланбек солҳои ахир ба таҳқиқи фурӯши ғайриқонунии замин дар Бишкек машғул буд. Ба ӯ вақтҳои ахир афроди номаълум аз тариқи телефон таҳдид мекарданд ва номаҳои шубҳабарангез ҳам мегирифт.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG