Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил "Кулоҳсафедон"- ро аз Сурия берун овардааст


Кормандони созмони "Кулоҳсафедон" дар шаҳри Қунайтра.

Исроилу Урдун мегӯянд, ки 800 узви созмони хайрияи «Кулоҳсафедон» ва аъзои хонаводаҳои онҳоро бо кӯмаки сарбозони ду кишвар аз ноҳияҳои ҷанубии Сурия берун овардаанд. Ин афрод минтақаҳоеро тарк карданд, ки қарор аст, ба зудӣ зери назорати нерӯҳои давлатии Сурия бигзаранд.

Артиши раиси ҷумҳур Башшор Асад минтақаеҳоеро дар тасарруф дорад, ки дар наздикии Баландиҳои Ҷулон қарор доранд. Ин баландиҳои стротегиро Исроил назорат мекунад. Ошӯбгарони Сурия ё таслим мешаванд ва ё ба шимоли Сурия мераванд.

Низомиёни Исроил гуфтанд, ки барои он дар берун овардани аъзои “Кулоҳсафедон” кӯмак карданд, чун агар ба дасти нерӯҳои давлатӣ меафтоданд, ба ҷонашон хатар таҳдид мекард.

Урдӯн гуфт, ки ба ин афрод паноҳгоҳи муваққатӣ додааст. “Кулоҳсафедон” дар минтақаҳои зери назорати шӯришиён кор мекунанд ва умдатан ба мардуми осоиштае кӯмак мерасонанд, ки хонаҳояшон ҳадафи бомбаборон қарор мегиранд.

Видеоҳои охирин

Сергей Матвеев: Мо наҷот ёфтем, вале дӯстони мо ҳалок шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG