Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кобул. Бозгашти Дустум ба хун олуда шуд. ВИДЕО


Абдулрашид Дустум
Абдулрашид Дустум

Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ва ҳангоми бозгашти Абдулрашид Дустум дасти кам 10 нафар кушта шуданд.

Бомбгузори маргталаб худро дар назди онҳое тарконидааст, ки барои пешвози генерали бонуфуз ва ҷанҷолбарангези узбек омада буданд.

Таркиш замоне рух додааст, ки мақомот ва тарафдорони Дустум фурудгоҳро тарк мекарданд. Ба худи ӯ, ки дар мошини зиреҳпӯш будааст, осебе нарасидааст.

Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки фарди маргталаб пиёда ба маҳалли ҳодиса омадааст.

Муовини раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҳамла эмин монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

Муовини раиси ҷумҳур Абдулрашид Дустум баъди бештар аз як сол ба ватанаш бозгашт, ки ӯро дар онҷо ба рабудану латӯкуб ва таҷовузи як рақиби сиёсиаш муттаҳам мекунанд.

Шоҳҳусайн Муртазавӣ, яке аз сухангӯёни раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдулрашид Дустум субҳ ба Кобул бармегардад ва “тамоми мавзӯҳо ҳуқуқист ва бар асоси қонун пайгирӣ мешавад.”

Аз ин пештар Ҳорун Ҷаҳонсурӣ, яке дигар аз намояндагони ҳукумати Афғонистон гуфт, ки генерал Абдулрашид Дустум баъди бозгашт ба ҳайси муовини раиси ҷумҳур ба кораш идома медиҳад.

Бозгашт баъди як сол. Дустум ба Кобул бармегардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Ҳорун Ҷаҳонсурӣ, сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон, иттиҳомот ба зидди генерал Дустум ва иддаоҳо дар бораи ӯро идораҳои адлия ва мақомоти интизомӣ баррасӣ мекунанд ва ин идораҳо бар асоси қонун ва мустақил амал мекунанд.

Генерали узбектабори Афғонистон ва аз ҷангсолорони собиқ ва бонуфуз дар шимоли кишвар ба гуфтаи Ҳорун Ҷаҳонсурӣ дар Туркия муолиҷа мегирифт, сиҳат шудааст ва бармегардад.

Ба иддаои Аҳмад Ишчӣ, генерал Дустум уро таҷовуз кардааст.
Ба иддаои Аҳмад Ишчӣ, генерал Дустум уро таҷовуз кардааст.

Интизор меравад, бо баргаштани Абдулрашид Дустум ба Кобул тазоҳурот дар баъзе аз шаҳрҳои шимолии Афғонистон, ки се ҳафта боз идома дорад, поён ёбад.

Тазоҳургарон дар вилоятҳои Ҷузҷон, Форёб, Самангон ва дигар вилоятҳои дигар, дарвозаҳои идораҳои давлатиро бастанд ва теъдоде аз муассисаҳоро ҳам вайрон карданд. Онҳо хостори баргаштани генерал Дустум ва озод кардани Низомиддин Қайсорӣ, як фармондеҳ ва ҷангсолор дар ин минтақа ҳастанд.

Генерал Дустум соли 2017 баъди он Афғонистонро тарк кард, ки додситонии кулл ба зидди ӯ бо иттиҳоми шиканҷа ва таҷовузи ҷинсии Аҳмад Ишчӣ, раиси вилояти Ҷузҷон ва аз рақибони сиёсиаш парванда боз кард. Худи Дустум мегуфт, ки барои муолиҷа ва ба сабабҳои хонаводагӣ ба Туркия рафтааст.

Абдулрашид Дустум яке аз афроди ҷанҷолбарангез дар Афғонистон аст, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла даст доштан дар қатли садҳо асирони Толиб дар соли 2001 муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG