Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Эрлан Абдилдоев, масъалаи суръат бахшидан ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ кардааст.
Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 21-уми июл хабар дод, ки мулоқот дар ин ҳамин рӯз дар шаҳри Чолпон Ато ва дар ҳошияи вохӯрии машваратии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Ба гуфтаи вазорат ду тараф ҳамчунин дар бораи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҳалли масъалаҳои обу энергетикӣ суҳбат кардаанд. Як рӯз пештар аз ин мулоқот, мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар паи як моҷаро дар як мавзеи сарҳадӣ бо Қирғизистон чаҳор марзбони қирғизро боздошт ва баъди як музокира бо мақомоти кишвари ҳамсоя онҳоро раҳо карданд.
Чаҳор марзбон дар ҷамоати Ворухи Исфара боздошт шуданд. Ба гуфтаи сокинони Ворух марзбонон худсарона ба онҳо иҷоза намедонанд, ки онҳо ба деҳқонӣ машғул шаванд. Баъди ин моҷаро сарҳадбонони тоҷик ва милисаҳо омаданд.
Мақомоти марзбонии Қирғизистон бо нашри баёние гуфтанд, ки сарҳадбонони онҳоро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд ва баъдан гӯё намояндаи Тоҷикистон барои ин боздошт аз марзбонони қирғиз узр пурсидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйинуаломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.