Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Путинро ба Вашингтон даъват кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон аз президенти Русия Владимир Путин даъват кард, ки тирамоҳи имсол аз Вашингтон боздид кунад. Дар ин бора сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс рӯзи гузашта дар Твиттер иттилоъ дод.

Президенти ИМА гуфт, мулоқоти нав ба иҷрои созишҳо дар бахши мубориза бо терроризм, ҳалли осоиштаи низоъ дар Ховари Миёна, вазъи Украина ва халъи силоҳи ҳастаӣ мусоидат хоҳад кард.

Трамп изҳор дошт, ки саммити Амрикову Русия дар Ҳелсинкӣ ба ҷуз аз расонаҳое, ки хабари дуруғ пахш мекунанд, дигар барои ҳама комёбии бузурге дошт.

Раиси ҷуҳмури Амрико ҳамзамон аз фикри бозпурсии шаҳрвандони Русия дар доираи парвандаи дахолати эҳтимолии Кремл ба интихоботи президентии ИМА ва амрикоиҳо аз тарафи русҳо дар пайванд ба парвандаи Браудер даст кашид.

Путин ин пешниҳодро дар саммити Ҳелсинки матраҳ кард. Вале ба гуфтаи Сандерс, Трамп онро қабул накард. "Умедворем, Путин ба 12 шаҳрванди Русия иҷозат медиҳад, то ба ИМА омада, бегуноҳии худро исбот кунанд", - афзуд Сандерс.

Амрико ҳафтаи гузашта нисбати 12 корманди эҳтимолии мақомоти иктишофии Русия бо гумони дахолат ба интихоботи Амрико айб эълом кард. Путин 16 июл дар Ҳелсинкӣ гуфт, Русия омодааст, дар ивази бозпурсии мансабдорони амрикоӣ дар доираи парвандаи Уилям Браудер, раиси бунёди Hermitage Capital ва яке аз ташаббускорони лоиҳаи қонуни "Магнитсикй"-и Амрико бозпурсии русиягиҳои гумонбарро ташкил кунад. Дар миёни мансабдорони амрикоӣ номи Майкл Макфол, сафири пешини ИМА дар Русия низ ҳаст.

Кохи сафед хабари рад шудани пешниҳоди мазкурро аз тарафи Трамп ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз қабули қатъномае дар сенат нашр кард. Сенати ИМА қатъномаи зидди бозпурсии шаҳрвандони Амрикоро якдилона ба тасвиб расонд.

XS
SM
MD
LG