Пайвандҳои дастрасӣ

Барои марги полковник дар марз 6 нафар зиндонӣ шуд


Хайриддин Аҳтамов

Додгоҳи олӣ 6 нафарро дар ҳалокати як афсари баландпояи нерӯҳои марзбонӣ гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст. Хайриддин Аҳтамов, полковники нерӯҳои марзбонӣ моҳи декабр дар даргирӣ бо гурӯҳе аз қочоқбарони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуд.

Фирӯз Раҷабзода, муовини додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз ин шаш нафар се нафарашон посбонони марз ҳастанд. “Аз ин шаш нафар, ки ҳукм гирифтанд, ду нафараш маҳбус буд ва се нафари дигараш хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва яке дигар шаҳрванди оддӣ. Аз сабабе, ки парванда муҳрӣ махфӣ гирифтааст, ҳукмро гуфта наметавонем” - гуфт Фирӯз Раҷабзода.

Фирӯз Раҷабзода нагуфт, аз ин бештар шарҳ надод, вале мақомоти интизомӣ се афсари нерӯҳои марзбониро моҳи феврали имсол бо гумони “беамалӣ ва хунукназарӣ”, ки боис ба кушта шудани полковник Хайриддин Аҳтамов аз ҷониби кочоқбарон шуд, боздошт карданд.

Як манбаъ дар мақомот моҳи феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот маълум кардааст, ки ҳангоми задухӯрд бо кочоқбарон ин афсарон “беамалӣ” нишон дода, ба қочоқчиён дуруст муқовимат нишон надоданд. Хайриддин Аҳтамов яке аз афсарони баландрутбае буд, ки дар мубориза бо қочоқчиён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуд.

Ду зиндонӣ зоҳиран барои мусоидат ба қочоқи маводи мухаддир ҷазо гирифтаанд, чун мақомоти тоҷик мегӯянд, қочоқбарони афғон, ки моҳи декабр полковникро куштанд, бо гурӯҳе аз маҳбусони тоҷику афғон дар тамос буда, интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз дохили зиндон раҳнамоӣ мекарданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад ва яке аз роҳҳои интиқоли маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Полковники нерӯҳои марзбонӣ дар минтақаи Шамсиддини Шоҳин яке аз минтақаҳое кушта шуд, ки муҳофизати он сахт аст.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG