Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи давлатӣ дар хониши аввал синни бознишастагиро боло бурд


Тазоҳуроти зидди боло бурдани синни бознишастагӣ дар Русия
Тазоҳуроти зидди боло бурдани синни бознишастагӣ дар Русия

Думаи давлатӣ тарҳи қонуни ҳукумати Русия дар бораи боло бурдани синни бознишастагиро, рӯзи панҷшанбе дар хониши аввал қабул кард.

Дар ҷаласа намояндаи "Русияи воҳид" гуфт, ки ҳизби ҳоким аз ислоҳоти нафақа пуштибонӣ мекунад. Ҳизби Коммунист ва Либерал- Демократ мухолифати худро бо ин тарҳ баён карданд.

Дар натиҷа, тарҳ танҳо бо пуштибонии "Русияи воҳид", ки бахши умдаи порлумонро дар даст дорад, қабул шуд. Аз 327 намояндаи мардумӣ, 102 нафар муқобил овоз доданд.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин рӯзи 19 июл гуфт, ки муҳлати баҳсҳо бар сари ин тарҳ ва ворид кардани иловаҳо ба он то 24 сентябр тамдид шуд.

Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки синни бознишастагӣ барои мардҳо 65 ва барои занҳо 63-солагӣ муаня шавад. Ислоҳоти нафақа аз ҳоло эътирозҳоро дар даҳҳо шаҳри Русия ба бор овард. Рӯзи панҷшанбе тазоҳургарон дар назди бинои Думаи давлатӣ талаб карданд, ки порлумон аз ин тарҳ даст кашад.

XS
SM
MD
LG