Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен: "Имкони бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов ҳаст"


Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ 19-уми июл гуфт, ки бо дарназардошти пардохти ҷубронӣ молӣ аз сӯйи хонаводаи Хайрулло Мирсаидов парвандаи вай дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд бозбинӣ мешавад.

"Маблағи зарари молӣ баъд аз судури ҳукми додгоҳ пардохт шудааст ва ба ин далел додгоҳ наметавонист, ин нуктаро ба инобат бигирад. Ҳамакнун, бо ирсоли шикояти касатсионӣ додгоҳи шаҳри Хуҷанд метавонад ҳукми худро бозбинӣ кунад. Зеро, қонунгузории Тоҷикистон имкони кам кардани мӯҳлати ҷазо дар сурати пардохти зарари молиро пешбинӣ кардааст", гуфт Зариф Ализода.

Вай эътироф кард, ки дар нисбати парвандаҳои ҷиноятии иқтисодӣ сокинон аз сангин будани ҳукмҳои додгоҳҳо шикоят мекунанд. Ализода гуфт:

"Ба ин манзур ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи махсуси корӣ таъсис додааст, ки бояд гумманизатсия ё сабук кардани ҷазо барои чунин ҷиноятҳоро баррасӣ кунад. Ман аъзои ин гурӯҳ нестам ва ба ин далел намедонам, ки Кодекси нави ҷиноятӣ чи гуна ҷазоро барои ҷиноятҳои иқтисодӣ пешбинӣ мекунад. Вале бо дастури раҳбарияти олии Тоҷикистон ҷазо бояд нармтару шаклҳояш тағйир дода шавад. Зеро, дар сурати дар маҳбас будани ҷинояткор зарари молиро касе наметавонад ҷуброн кунад", афзуд Ализода.

Зайд Саидов ва аъҳои ҲНИТ зиндониҳои сиёсӣ нестанд

Вай дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки Тоҷикистон ба дархости Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дар робита ба озодии Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик чӣ назар дорад, гуфт, ки "тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон сохторҳои зирабт нахуст бояд бо матни аслии ин дархост ошно шаванд ва сипас мақомот метавонанд, ба ин дархост посухи расмӣ бидиҳад".

Вай ба такрор гуфт, ки "Зайд Саидов ва на аъзои раҳбарияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ нестанд, зеро дар қонунгузорӣ ҷазо барои фаъолиятҳои сиёсӣ пешбинӣ нашудааст".

Зариф Ализода ин нуктаҳоро дар ҷараёни нишасти матбуотии рӯзи 19 июл дар Душанбе ироа кард, ки ба хотири натиҷагирӣ аз кори Омбудсмени тоҷик дар нимсолаи аввали 2018 барпо шуд. Ингуна нишастҳо соле ду бор бо амри президент баргузор мешаванд ва тақрибан танҳо нишасте мебошанд, ки имкони шунидани мавқеи мақомот дар робита бо масоили доғи ҷомеаро фароҳам меоранд.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG