Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар Суғд мактаб ва дар Қубодиён бемористон месозад


Узбекистон дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон барои 630 нафар мактаб месозад. Бар асоси созишномае миёни Узбекистону Тоҷикистон дар Спитамени вилояти Суғд барои 630 хонанда мактаб бунёд хоҳад шуд. Ин тасмим дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ҳамчунин дар назар аст, Узбекистон дар ноҳияи Қубодиёни Хатлон як бемористон бо 200 кати хоб, бунёд намояд.

Қаблан Тоҷикситон ҳам эълон карда буд, ки барои 640 хонанда дар шаҳри Самарқанд мактаб месозад ва дар назар аст дар вилояти Фарғонаи Узбекистон ҳам як муассисаи томактабӣ барои 300 нафар бунёд кунад.

Зоҳиран ин аввалин табодули сохтмонӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя аст, ки баъди 20 соли равобити сарди ин ду кишвар, рӯи даст гирифта мешавад. Дар назар аст, тобистони имсол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари ҷавобӣ аз Узбекистон дидан намояд.

XS
SM
MD
LG