Вазъияти изтирорӣ дар Туркия, ки пас аз вуқӯи табаддулоти ноком дар ин кишвар ҷорӣ шуда буд, рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми июл поён ёфт. Дар пайи табаддулоти ноком дар тобистони соли 2016 дар Туркия ва дар ҷараёни саркӯби мухолифон дар ду соли гузашта, 150 ҳазор корманди давлатӣ аз кор ихроҷ ва 77 ҳазор нафар дар робита ба ин табаддулот муттаҳам шуданд.
Аз тобистони соли 2016, ки табаддулоти нофарҷом рух дод ва наздик ба 250 нафар ҷон бохтанд, ҳазорон нафар дар ин кишвар боздошту зиндонӣ шуда, ҳазорон нафари дигар кори худро аз даст доданд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия пеш аз интихоботи президентии ин кишвар дар моҳи гузашта ваъда дод, ки вазъияти изтирорӣ поён меёбад, аммо афзуд, қонунҳои нави зиддитеррористӣ қабул хоҳад шуд. Ҳукумати Туркия аз соли 2016 ҳар се моҳ як бор вазъияти фавқулоддаро тамдид карда буд.
Хабаргузории "Рейтерз" менависад, мухолифони Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба ин бовар ҳастанд, ки бо вуҷуди он, ки давраи семоҳаи вазъияти изтирорӣ рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми июл поён ёфт ва ҳукумат дигар онро тамдид накард, аммо тағйири зиёде дар вазъи сиёсии он кишвар рӯй нахоҳад дод.
Сухангӯи ҳизби демократ-халқи Туркия дар ин бора гуфтааст, "ҳарчанд ҳукумат дар талоши поёни вазъияти изтирорӣ муқаррароти наверо ироа кунад, аммо воқеият ин аст, ки вазъияти изтирорӣ дар кишвар доимӣ шудааст."
Порлумони Туркия қарор аст имрӯз, панҷшанбеи 19-уми июл лоиҳаи мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Пас аз табаддулот тағйироте дар сохтори сиёсии Туркия ба миён омад, ки қудрати президентро афзоиш додааст. Дар баҳори соли гузашта референдум барои тағйири Қонуни асосии Туркия баргузор шуд.
Бо аз байн бурдани мақоми нахуствазирӣ дар сохтори сиёсии нави Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз ихтиёрот ва салоҳиятҳои густурдае бархӯрдор мешавад, ки ҳеҷ яке аз раисони ҷумҳури пешини Туркия надоштанд. Мақоми нахуствазирӣ дар Туркия рӯзи 24-уми июни ҳамин сол барҳам дода шуд.
Аз тобистони соли 2016, ки табаддулоти нофарҷом рух дод ва наздик ба 250 нафар ҷон бохтанд, ҳазорон нафар дар ин кишвар боздошту зиндонӣ шуда, ҳазорон нафари дигар кори худро аз даст доданд ва садҳо нафари дигар дар интизори баргузории додгоҳи худ ҳастанд.
Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турктабори сокини Амрико муттаҳам аст, ки табаддулоти нофарҷомро раҳбарӣ кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки ин рӯҳонӣ даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад карда ва худи Раҷаб Таййиб Эрдуғонро масъули ин кудато медонад.