Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши Тоҷикистону Русия алайҳи ҳамлаи эҳтимолии Толибон


Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистону Русия рӯзи сешанбе машқҳои муштараки низомиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва барои омода шудан барои ҳаргуна ҳамлаи эҳтимолии Толибон шурӯъ карданд.

Бештар аз 10 ҳазор нафар, ки ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ сабт шудаанд, дар ин машқҳо дар Вилояти Худмухтори Бадахшон ширкат мекунанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифо гуфт, ки дар машқгоҳи ҳарбии “Ҷилондӣ” дар ноҳияи Шуғнон, беш аз 100 зиреҳпӯш, тӯпхона ва чархболҳои низомӣ ва дигар ҷангафзорҳо истифода мешаванд.

Чаҳорсад сарбози пойгоҳи 201-уми Русия бо аслиҳаву муҳимоти ҷангии худ рӯзи ҷумъа дар ин машқҳо ширкат мекунанд. Айни размоишҳо дар гузашта дар вилояти Хатлон баргузор шуд.

Чин ҳам барои тақвияти посбонии марзи 1300 километрии Тоҷикистону Афғонистон ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Марзи ду кишвар яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба ҳисоб меравад.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми августи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG