Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳои Помир Ажибути 44-соларо раҳбар интихоб мекунанд


Қирғизҳои Помир
Қирғизҳои Помир

Қирғизҳои Помири Афғонистон то ҳол ба ҷои Эралихон, ки ахиран даргузашт, касеро раҳбари худ интихоб накардаанд. Дар ин бора сокини минтақа Абдулвоҳид Жеенбек ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, феълан ба ин мақом номзадии Ажибут Абдулғании 44-сола пешниҳод мешавад. Жеенбек хабарҳо дар бораи эҳтимоли раҳбари қирғизҳо интихоб шудани Жеенбой, писари Эралихонро рад кард.

"Раҳбар бояд касе интихоб шавад, ки бо меҳмонҳои расмӣ дидору гуфтугӯ карда тавонад. Ҳамчунин бояд меҳмоннавоз ва ғамхори мардум бошад. Дар ҳоли ҳозир, бисёриҳо аз номзадии Ажибут ҷонибдорӣ мекунанд. Вале ҳоло интихобот баргузор нашудааст", - афзуд ӯ.

Эралихон, ки тайи 5 соли ахир қабилаи ҳудудан 400 хонаводаи қирғизҳоро дар Помири Афғонистон раҳбарӣ мекард, 15 июл дар сини 68 солагӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG