Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори нозири минтақавӣ дар бораи фоҳишахона ҷанҷол барангехт


Дар вилояти Андиҷони Узбекистон зане бар зидди корманди пулис шикоят бурдааст, ки баъди рейд дар хонаи ин зан навореро дар интернет нашр кард. Ин зан мегӯяд, корманди пулис ҳатто бо вуҷуди ошкор кардани фоҳишахона дар манзили хусусӣ ҳақ надошт наворро дар интернет гузорад.

Як нозири минтақавӣ дар ноҳияи Олтинкӯли Андиҷон дар манзили як сокини маҳаллӣ, ки зоҳиран фоҳишахона буд, рейд гузаронда, наворро бо чеҳраи нафароне, ки дар он хона буданд, нашр кард.

Дар ҳоле, ки Додгоҳи Олтинкӯли ин занро рӯзи13 июл барои танфурӯшӣ ва ташкили фоҳишахона дар манзили волидони ҳамсараш айбдор ва як нишондоди маоши ҳадди ақал ҷарима кард, соҳибхонаҳо корманди пулисро ба паст задани шарафи худ айбдор намуданд.

Дар ин навори видеоӣ дида мешавад, ки корманди пулис ду ҷуфтро дар болои рахти хобе пайдо мекунад ва онҳоро бозпурсӣ карда, ба шикаму китфашон мезанад.

Вакили дифоъ аз Тошканд гуфт, сабти видеоии ин гуна рейдҳо ҳатто барои истифодаи дохилӣ низ як "масъалаи ҳассоси ҳуқуқӣ" ва хилофи банди 12-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аст, ки Узбекистон низ онро имзо кардааст. Ин банд дахолат ба ҳаёти шахсиву хонаводагӣ, таҷовуз ба ҳарими хусусии инсон ва паст задани шаъну шарафи ӯро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG