Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ ба корхонадорон: "Ё ба кор андозед, ё мусодира мекунем". ВИДЕО


Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар назди моликони корхонаҳои бузурге, ки дар солҳои 90-ум хусусӣ шуда, имрӯз бекор хобидаанд, шарт гузошт: корхонаҳоро ба кор андозанд, вагарна дар нисбатшон чора андешида хоҳад шуд.

"Тадбир андешида мешавад"

Дар ҷаласаи вакилон, раиси шаҳри Душанбе аз "ғайримақсаднок истифода шудани корхонаҳои саноатӣ", ки қаблан хусусӣ шудаанд, ибрози нигаронӣ кардааст. Рустами Эмомалӣ аз соҳибмулкони корхонаҳо талаб кардааст, ки нақшаи ба иқдори пурра ба кор даровардани корхонаҳоро пешниҳод кунанд. Раиси шаҳр роҳбарони чаҳор ноҳияи пойтахтро муваззаф намудааст, ки дар сурати пешниҳод нашудани чунин як нақша, дар нисбати чунин корхонадорон "тадбир андешида шавад".

Бино бар иттилои охирин, дар шаҳри Душанбе 400 корхонаи саноатии хурд, миёна ва бузург вуҷуд дорад.

Парвиз Қосимов, роҳбари раёсати саноат ва энержии ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, манзур аз гуфтаҳои раиси шаҳр, натанҳо он корхонаҳоест, ки кор намекунанд, балки корхонаҳое ҳам шомил мешаванд, ки бо ниме аз иқтидорашон кор мекунанд ва ҳоло аз онҳо талаб карда мешавад, ки бо иқтидори пурра онҳоро ба кор андозанд.

Рустами Эмомалӣ ба корхонадорон: "Ё ба кор андозед, ё мусодира мекунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Ӯ гуфт: "Ҳоло ба раёсати амволи шаҳр дастур дода шуд, муайян кунад, ки чанд корхонае хусусӣ шуда, айни ҳол кор намекунанд ва ё бо иқтидори пурра фаъолият намекунанд. Пас аз муайян шудани ин корхонаҳо, аз моликони онҳо нақшаи мушаххаси ба кор даровардани он талаб карда мешавад".

Корхонаҳои "бекор" дар Душанбе

Қосимов аз чанде аз чунин корхонаҳо, ба мисли Корхонаи нассоҷии тоҷик (Текстил) ном бурд, ки айни ҳол ҳудуди 1000 коргар дар он кор мекунанд, ҳол он, ки иқтидори ба кор фаро гирифтани то 3000 нафарро дорад. "Яке аз чунин иншоотҳо корхонаи яхдонбарории "Помир" аст, ки ҳамчунон аз рӯи самташ фаъоляит намекунад",- мегӯяд Қосимов.

Корхонаи яхдонбарории “Помир” дар шаҳри Душанбе соли 1964 ба фаъоляит пардохта, соле то 176 ҳазор адад яхдон истеҳсол мекард. Кори ин корхона аз солҳои 2005-ум ба ин сӯ якбора “ях баст”, аз фаъолият бозмонд ва айни замон дар толорҳои холии ин коргоҳ ҷавонон пейнтбол бозӣ мекунанд.

Ба мисли корхонаи "Помир" чандин корхонаи дигари як замон азим дар шаҳри Душанбе фаъолият намекунанд. Корхонаи "Тоҷикатлас", Корхонаи консервабарории шаҳри Душанбе, Корхонаи эксваторбарорӣ аз ҷумлаи корхонаҳои азими саноатии Душанбе ҳастанд, ки то хусусӣ шудан садҳо коргар доштанд, аммо пас аз хусусӣ шудан ҳоло бекор хобидаанд ва биноҳояшон ҳамчун анбор ба иҷора дода мешавад.

Корхонаҳои хусусишудаи аз сӯи қумондонҳо

Анвар Камолов, иқтисоддони собиқадори тоҷик мегӯяд, аксарияти корхонаҳои азими Душанбе дар мавҷи аввали хусусигардонӣ бо пули хеле ночиз фурӯхта шуданд ва моликони он аксарияти қумандонҳои саҳароӣ буданд, ки умуман намедонистанд, ки чӣ гуна истеҳсолотро пеш баранд.

Аз ҷумла Ғаффор Мирзоев, генерали ҳамакнун зиндонии тоҷик яке аз чунин қумандонҳо буд, ки корхонаи гӯшти Душанбе (Мясокомбинат) ва чойхонаи "Фароғат"-ро ба номи бародараш хусусӣ гардонида буд.

"Дар солҳои нобасомони 90-ум корхонаҳо бисёр арзон фурӯхта шуданд. Моликони нав азбаски бо пули ночиз ин корхонаҳоро харида буданд, дастгоҳҳоро канда, ҳамчун оҳанпора фурӯхтанд. Ман ёдам ҳаст, ки соли 2000-ум нозирони гумрук як корвони мошинҳои борбарро дар марз бо Афғонистон доштанд, ки дастгоҳҳои саноатии корхонаҳоро ҳамчун оҳанпора ба хориҷа бурданӣ буданд".

"Ҷанбаи сиёсӣ дорад"

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе.

Камолов мегӯяд, зарбулаҷал эълон кардани Рустами Эмомалӣ дар нисбати моликони корхонаҳо, ҷанбаи сиёсӣ дорад. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар як соли охир Рустами Эмомалӣ тавонист симоии зоҳири шаҳрро хеле зебо кунад ва даҳҳо майдончаҳои варзишӣ сохта шуданд.

"Дар марҳилаи нав акнун обрӯи раиси ҷавони шаҳр аз эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва ба кор андохтани корхонаҳо вобаста хоҳад буд. Чун интизории мардум аз Рустами Эмомалӣ бештар аз ҳар сиёсатмадори дигар аст",-иброз дошт Камолов. Аммо собиқадорони саноат мегӯянд, дар шароити кунунӣ ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ хеле душвор аст. Ҳамсӯҳбатони мо ба се омили асосӣ ишорат мекунанд, ки садди роҳи кори корхонаҳои саноатӣ шудаанд.

Ниёз ба сармоя барои ба кор андохтани корхонаҳо

Абдулло Муҳаммадиев, собиқадори соҳаи саноати нассоҷӣ, ки таҷрибаи беш аз 40-солаи кор дар ин соҳаро дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, "корхонаҳои саноатӣ хусусан нассоҷӣ маблағҳои гардоне надоранд, ки истеҳсолотро ба роҳ монанд. Фоизи қарзи банкҳо хеле баланд аст ва корхонаҳо барои қарзгири риск намекунанд. Чун аз фоидаи ба даст меомада рӯйпуш кардани қарзи бонк ва фоизҳояш ғайримкон аст".

Бар замми ин, Муҳаммадиев мегӯяд, ба бозори кишвар як миқдор маводи нассоҷӣ бо роҳи кочоқ ворид мешавад ва чун боҷи гумрукиву андоз аз ин мол ситонида нашудааст, нархаш арзон аст, вале истеҳсолкунандагони ватанӣ бо он рақобат карда наметавонад. "Чун моли дохилӣ рақобатпазир нашуд, корхона даромад намебинад ва аз кор мемонад",- мегӯяд Муҳаммадиев.

Барои ба кор андохтани корхонаҳо танҳо мӯҳлат ва ё тарс додани соҳибмулкон аз дубора ба нафъи давлат мусодира шудани корхона кифоя нест.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар давлат мехоҳад корхонаҳоро ба кор андохта, мардумро ба ҷойи кор таъмин созад, бояд барои тиҷорат шароит фароҳам созад. "Мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки як фонди давлатӣ таъсис шавад, ки ба корхонаҳо бо фоизҳои паст маблағҳои гардон ҷудо кунад. Танҳо дар ҳамин сурат корхонаҳо метавонанд чархи истеҳсолотро дубора гардон кунанд",- мегӯяд Муҳаммадиев.

Бинобар иттилои охирин дар шаҳри Душанбе 400 корхонаи саноатии хурд, миёна ва бузург вуҷуд доранд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор корхонаву ширкатҳои давлатииро фурӯхта хусусӣ кардааст, ки аз онҳо 1320 корхонаи бузург буданд.

XS
SM
MD
LG