Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп: равобити ИМА бо Русия "ҳеҷ гоҳ ба ин адоза бад набуд"


Ҳайъати ИМА дар Ҳелсинки

Доналд Трамп гуфт, ки равобити ИМА бо Русия ҳеҷ гоҳ ба ин андоза бад набуд ва масъули ин ҳолат "солҳои ҳамоқат"- и Амрико аст. Трамп инро дар твитттер, чанд соат пеш аз оғози мулоқоташ бо президенти Русия Владимир Путин дар Ҳелсинки, навишт.

Президенти ИМА бори дигар парвандаи дахолати Русия ба умури интихоботи президентии соли 2016-и Амрикоро "шикори аҷузаҳо" номид.

Рӯзи ҷумъа, баъди эълони даст доштани кормандони истихбороти низомии Русия ба дахолат дар интихоботи Амрико, як қатор сенаторҳо аз президент Трамп даъват карданд, ки мулоқоташ бо Путинро лағв кунад, ё ин масъаларо дар маркази музокирот қарор диҳад.

Котиби Давлатии ИМА Майк Помпео, ки дар сафари Ҳелсинки Трампро ҳамроҳӣ мекунад гуфт, ки "беҳубудии равобит бо Русия ба фоидаи ҳама хоҳад буд, аммо "туб дар тарафи Русия аст".

Видеоҳои охирин

Бозгашт аз Русия. Бо ҳавопаймо фоидаовар ё бо мусофирбар?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG