Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

45 мошин дар як таваққуфгоҳи Қазоқистон оташ гирифт


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Дар яке аз таваққуфгоҳҳои шаҳри Чимкенти Қазоқистон шаби шанбе ба якшанбе сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа 45 мошин оташ гирифт. Сӯхтор ба як сехи мебелсозии ҳамшафати таваққуфгоҳ осеб расондааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба мақомоти оташнишонӣ хабар доданд, ки нахуст мошини боркаши КамАЗ оташ гирифта, сипас алангаи ба мошинҳои дигар гузашт.

Сӯхторро 76 корманд ва 17 мошини оташнишонӣ дар ду соат хомӯш карданд. Дар ин муддат 35 мошини куҳна ва 10 нақлиёти ронандаҳои ҷаримашуда ба коми оташ рафтанд.

Масоҳати умумии сӯхтор 294 метри мураббаъро ташкил дода, дар натиҷаи он касе осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG