Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазирони Тоҷикистону Узбекистон дар Фарғона мулоқот мекунанд


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Рӯзи 16 июл мулоқоти нахуствазирони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мешавад, ки ҳадафаш таҳияи заминаҳои ташкили мулоқоти президентони ду кишвар мебошад.

Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар шаҳри Фарғона баргузор мешавад. Вазорати хориҷаи Узбекистон гуфтааст, ки дар ин нишаст қарор аст масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ ва ҳам заминаҳои музокироти президентон матраҳ шавад. Қарор аст тирамоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Шавкат Мирзиёев ба Тошканд сафар кунад.

Ин нахустин сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Узбекистон баъди дар соли 2016 сари қудрат омадани Мирзиёев мешавад. Дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, ки бо нахуствазир ба Фарғона сафар кардаанд, раҳбарони бархе вазоратхонаву идораҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла масъулини бахши иқтисод ворид шудаанд, омадааст дар хабари расмӣ.

Сафари нахустини президенти Узбекистон ба Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ бо имзои даҳҳо санади ҳамкорӣ, боз шудани марзҳо, бекор шудани низоми раводид ва шурӯи ҳамкорҳои густурдаи иқтисодӣ анҷомид. Ин ҳама таҳаввулот дар ҳолест, ки замони раҳбарии президенти собиқ Ислом Каримов Узбекистон аз ҳамкории густурда бо Тоҷикистон худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG