Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон фурӯши машрубот манъ шуд


Дар пойтахти Туркманистон ва марказҳои маъмурии вилоятҳои ин кишвар фурӯши машруботро манъ карданд. Манбаъҳо мегӯянд, фармони шифоҳӣ шудааст, ки машрубот аз фурӯш барчинда шавад.

Марҳилаи кунунии мубориза зидди фурӯши машрубот дар Туркманистон баъди қабули "Барномаи миллии мубориза зидди таъсири манфии машрубот дар Туркманистон барои солҳои 2018-2024" дар таърихи 5 июл, шуруъ шуд.

"Рӯзи душанбеи 9 июл чанде аз фурӯшандаҳо гуфтанд, ки машруботро мусодира мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз ҳамаи мағозаҳо нушокиҳои спиртиро мусодира кунанд", - гуфт Аманмурод Бугаев, як сокини Ишқобод.

XS
SM
MD
LG