Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши рекордии талафот дар миёни мардуми Афғонистон


Паёмади ҳамлаи маргталаб дар моҳи марти имсол ба масҷиде дар Кобул

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, талафот дар байни мардуми ғайринизомӣ дар Афғонистон дар ним соли гузашта афзуда ва ба ҳадди рекордӣ расидааст.

Дафтари ин созмон дар Кобул рӯзи 15-уми июл гуфт, ки дар 6 моҳ тақрибан 1700 нафар аз мардуми осоишта дар Афғонистон дар ҳамлаву бомбгузориҳо кушта шудаанд. Аз замони сабти талафот дар байни мардум аз соли 2009, дафтари Созмони Милал мегӯяд, бори аввал аст, ки чунин талафоти зиёд дар ним солро сабт мекунад.

Бисёре аз ин мардум дар ҷангҳо байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯён, дар бомбҳои канори роҳ, дар ҳамлаҳои маргталабона ҷангҷӯёни ДОИШ ба ҳалокат расидаанд.

Талафоти аз ҳама бештар дар байни сокинони Кобул, вилоятҳои Нангарҳор, Форёб, Ҳилманд ва Қандаҳор будааст. Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва Толибон аз омилони асосии талафоти мардуми бегуноҳ номида шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 22-уми октябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG