Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурони милиса дар Душанбе скутерсавор мешаванд


Скутерҳои нави маъмурони милиса дар Душанбе
Скутерҳои нави маъмурони милиса дар Душанбе

Мумкин аст, ба зудӣ дар шаҳри шаҳри Душанбе шоҳиди милисаҳои скутерсавор шавед. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 15-уми июл хабар дод, ки ба баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории шаҳри Душанбе 20 скутери наву замонавӣ тақдим кардаанд.

Ба гуфтаи вазорат, ҳадаф аз таъмини маъмурони милиса бо скутер, ки ҳаракат бо он дар роҳҳои сермошин осонтар аст, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия мебошад.

Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, “бо тақдим гардидани ин 20-адад скутер милитсионерони ин ниҳод боз ҳам фаъолияти патрулию дидбониро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмати дучанд хоҳанд кард.” Скутерҳо истеҳсоли Ӯзбекистон буда, бо 6 литр бензин 600 км роҳро тай мекунанд.

XS
SM
MD
LG