Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон ба Трамп гуфтанд, бо Путин мулоқот накунад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Ҳукумати Амрико тақозоҳои вакилони бонуфузи Конгресс барои лағви мулоқоти Доналд Трамп бо Владимир Путинро рад кардааст. Баъди онки муфаттишони Амрико 12 маъмури иттиллотии Русияро ба дахолати ғайримустақим ба интихоботи соли 2016 муттаҳам карданд, вакилон хостанд, Доналд Трамп бо Владимир Путин мулоқот накунад.

Муфаттишон мегӯянд, ки ин 12 маъмури низомии иттилоотии Русия дар рахнагарии шабакаҳои компютерии Ҳизби демократи Амрико ва дуздидани номаҳои электронии Ҳиллари Клинтон, номзади ҳизб даст доранд. Ин номаҳоро баъдан вебсайти Викиликс нашр кард.

Қарор аст, мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Ҳелсинки дар Финландия баргузор шавад. Доналд Трамп, ки ҳоло дар Шотландия аст, дар Твиттер навишт, ки ин ҷиноятҳо “дар замони ҳукумати Обама” шудаанд ва "чаро он замон онҳо коре накарданд?"

Нашри номаҳоро талоше барои беобрӯ кардани Ҳиллари Клинтон ва таъсир гузоштан дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG