Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи бонкҳои Қазоқистон ба бозорҳои Узбекистон боз шуд


Бонки Милии Қазоқистон
Бонки Милии Қазоқистон

Бонкҳои Қазоқистон имкон пайдо карданд, ки дар Ӯзбекистон бахш ва ширкатҳои фаръии худро боз кунанд. Дар ин бора миёни бонкҳои миллии Ӯзбекистону Қазоқистон рӯзи 10 июл созишнома имзо шуд.

Ба руфтаи раиси Бонки миллии Қазоқистон Дониёр Акишев кор дар Узбекистон ба нафъи бонкҳои Қазоқистон аст, зеро тавонмандии бозории ин кишвар бузург буда, аҳолии зиёд дорад.

Мақомоти Узбекистон моҳи сентябри соли гузашта гуфта буданд, ки аз таъини қурби сӯми узбекӣ дар баробари доллари амрикоӣ ва маҳдудияти хариду фурӯши он даст мекашанд.

Бар пояи қарори ҳукумати Узбекистон, аз ин ба баъд қурби сӯмро дар баробари доллар бозорӣ муайян мекунад. То ин дам онро давлат таъйин мекард ва ин фарқи байни қурби сум дар"бозори сиёҳ" ва расмиро ба таври назаррас афзоиш дод.

XS
SM
MD
LG