Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи наҷот ҳамаи 13 нафарро аз ғори Таиланд берун овард. ВИДЕО


Пулиси Таиланд дар макони наҷоти писарҳо

Рӯзи 10 июл охирин бачаро аз ғоре дар Таиланд, ки бар асари борони сел зери об монда буд, берун оварданд ва ба думбол мураббии 23-солаи онҳо низ наҷот ёфт. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод.

13 нафар - 12 навраси узви тими футбол ва мурабии онҳо ду ҳафтаи ахирро дар ғори Кҳао Луанг сирапӣ карданд, ки бар асари борони шадид зери об монда буд.

Амалиёти наҷоти кӯдакон бо иштироки ғаввосони хориҷӣ ҷараён гирифта, ба он воҳиди Нерӯҳои баҳрии Таланд низ ҳамроҳ шуд.

Дастаи футболбозои наврас баъди тамрини 23-уми июн ҳамроҳ бо мураббиашон ба пажӯҳиши муҷтамаи ғорҳои вилояти Чианг Рай рафта буд. Аснои тамошои ғорҳо борону сел даромадгоҳ ва тунелҳои дохили ғорҳоро баст. Дуюми июл гурӯҳи ғаввосони Британия футболбозони гуруснавву хастаро дар як ҳуҷраи қисман зери лойоба мондаи ғори торик дар масофаи тахминан 3 километр аз даромадгоҳи ғор пайдо намуданд.

Баъд аз таҳқиқи чандин роҳи ҳал амалиёти ихроҷи дастаи футбол аз дохили ғор 8-уми июл оғоз ёфт Дар марҳилаи аввал чор наврас берун кашида шуданд. Сипас рӯзи душанбе 4 нафари дигар ва рӯзи сешанбе 4 футболбози ахир ва мураббӣ аз ғори торик берун бавроварда шуданд.

12 футболбоз ва мураббии онҳо аз ғори обзадаи Таиланд берун кашида шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:13 0:00

Видеоҳои охирин

Занони манотиқи марзӣ: "Ҳоло роҳи муросоро пеш гирифтем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:54 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG