Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қонуни сабти муҳоҷирони кориро сангин кард


 Боздошти муҳоҷирон дар ҷараёни рейди Маскав
Боздошти муҳоҷирон дар ҷараёни рейди Маскав

Дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки қоидаҳои қайди будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сангинтар мекунад. Ин қонунро, ки президенти Русия Владимир Путин охирҳои моҳи июн имзо карда, қайди муҳоҷиронро дар маҳалли кори онҳо манъ мекунад.

Бар пояи қонун, муҳоҷирон бояд дар маҳалли иқоматашон сабти ном шаванд ва дар ҳамон ҷо зиндагӣ кунанд. Пештар корфармо ҳақ дошт, ки муҳоҷиронро дар нишони ширкати худ ба қайд бигирад.

Бештари коршиносон мегӯянд, қоидаҳои нави муҳоҷирати Русия иҷроношуданӣ ҳастанд ва бисёре аз муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ба фаъолияти ғайриқонунӣ рӯй оранд. Кормандони пулиси Русия низ барои ситонидани маблағ аз хориҷиҳо аз имконияти иловагие бархурдор хоҳанд шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Русия то 9 миллион муҳоҷир кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG