Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир аз ҳаводорони футболи Русия дар Тоҷикистон ташаккур кард


акс аз бойгонӣ

Сафири Русия рӯзи 10 июл аз сокинони Тоҷикистон ташаккур кард, ки дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол барои мунтахаби Русия ҳавохоҳӣ карданд. “Ташаккур барои эҳсосоти самимие, ки ҳамроҳ бо шаҳрвандони Русия дар давоми се ҳафта ба ҳар як футболбози мо эҳдо кардед”, навиштааст дар вебсайти сафорат Игор Лякин-Фролов.

Дар як изҳороти мухтасараш дипломати аршад навишт, ки дар давоми тамоми ин муддат тавассути зангҳои телефонӣ, паёмҳои хаттиву навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдории ҳаводорони футболро эҳсос кардаанд. “Бигузор муҳити идонаи футбол, ки дар Русия ва дар ҷаҳон вуҷуд дорад, барои тақвияти равобити Тоҷикистону Русия ва ҳам ҳамкориҳои стратегии ду кишвар мусоидат кунад”, гуфтааст сафир.

Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки рӯзи 15 июл анҷом меёбад, 14 июн оғоз ёфт ва бозиҳо дар 11 шаҳри Русия баргузор мешаванд. Мунтахаби Русия дар рақобатҳои чорякфинал дар бозӣ бо Хорватия шикаст хӯрда аз бозӣ берун шуд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 22-уми октябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG