Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон домодашро хазинадори давлат таъин кард. 2 ВИДЕО


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, рӯзи душанбеи 9-уми июл ба унвони раиси ҷумҳури нави Туркия савганд ёд кард ва ба думбол домодаш Барот Албайрақро вазири молия ва хазинадор и давлат таъин кард. Баъди ин эълон лираи Туркия дар чанд дақиқа 3,5 дар сади қурби худро аз даст дод.​

Бо аз байн бурдани мақоми нахуствазир дар сохтори сиёсии нави Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз салоҳиятҳои густурдае бархурдор мешавад, ки ҳеҷ як аз президентҳои пешин надоштанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон беш аз 15 сол аст, ки қудратро дар Туркия дар даст дорад. Ӯ ба муддати 15 сол нахуствазири Туркия буд ва дар соли 2014 ба унвони раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.

Мақоми нахуствазир дар 24-уми моҳи июни соли ҷорӣ аз байн бурда шуда буд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон аввали президенти Туркия аст, ки худаш дар раҳбарии кобинаи вазирон қарор дорад ва сарвазир надорад.

Рӯзи душанбе ибтидо маросими савгандёдкунии президенти нави Туркия дар порлумони ин кишвар баргузор шуд ва сипас Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар миёни ҳазорон меҳмони хориҷӣ дар Кохи раёсати ҷумҳур дар Анқара, суханронӣ кард.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи гузаштаи президентӣ ин кишвар бо ба даст овардани раъйи беш аз 50 дарсади интихобкунандагон, раиси ҷумҳури он кишвар интихоб шуд. Дар референдуми баҳори соли гузашта бештари раъйдиҳандагон ба тағйирот дар Қонуни асосии Туркия раъйи мусбат доданд, ки бар асоси он, президент қудрати иҷроие, ки қаблан дар дасти нахуствазир будро, дар ихтиёри худ гирифт.

Домоди Эрдуғон вазири молияи Туркия шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Раҷаб Таййиб Эрдуғон беш аз 15 сол аст, ки қудратро дар Туркия дар даст дорад. Ӯ ба муддати 15 сол нахуствазири Туркия буд ва дар соли 2014 ба унвони раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо мегӯяд, пас аз он, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон домоди худ Барот Албойротро ба унвони вазири молияи Туркия муаррифӣ кард, қимати лираи Туркия 3,5 дарсади дигар поин шуд. Тибқи ин гузоришҳо, тайи як соли ахир лираи Туркия дар баробари доллари амрикоӣ 20 дарсад арзиши худро аз даст додааст.

Дар кобинаи нави ҳукумат раиси ситоди муштараки артиши Туркия, вазири дифои он кишвар муаррифӣ шуд. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия низ дар мақоми худ боқӣ мондааст.

Маросими савгандёдкунии Эрдуғон дар ҳоле анҷом шуд, ки ихроҷи кормандони давлат ва амалиёт барои боздошти садҳо тан аз шаҳрвандоне, ки ҳукумати Туркия онҳоро ба "иқдом алайҳи амнияти миллӣ", наздикӣ ба Фатҳуллоҳ Гюлен ва бо робита доштан ба табадуллоти ду соли пеш муттаҳам кардааст, ҳамчунон идома дорад.

Дар пайи кудатои ноком дар Туркия дар соли 2016, то ба ҳол ҳазорон нафар дар ин кишвар боздошт ва зиндонӣ шудаанд ва ҳазорон тани дигар кори худро аз додааст ва садҳо тани дигар ҳамчунон дар интизори баргузории додгоҳ ҳастанд.

Эрдуғон савганд ёд намуда, даври дуюми раёсатҷумҳурии Туркияро оғоз кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

XS
SM
MD
LG