Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳе аз ҷавонони ду маҳаллаи Душанбе баъди занозанӣ


Як соли ахир занозании гурӯҳӣ байни ҷавонону наврасони тоҷик афзудааст.
Як соли ахир занозании гурӯҳӣ байни ҷавонону наврасони тоҷик афзудааст.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, гурӯҳе аз ҷавононро баъди занозанӣ ва кордкашӣ дар Душанбе дастгир кардаанд. Як мақоми боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии Душанбе воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавонон сокинони кӯчаи Зайнабибӣ ва Заҳматобод ҳастанд ва то анҷоми тафтишот дар боздоштгоҳ мемонанд.

Ба гуфтаи сокинони кӯчаи Зайнаббибӣ, баъди занозанӣ ҳудуди 20 нафар ҷавон боздошт шудааст. Мақоми боздоштгоҳ 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шоми 7 июл рух додааст ва кормандони интизомӣ ба ҷойи ҳодиса расида ҷавононро ором кардаанд ва гуруҳе аз онҳоро ҳамчун гумонбар дар сар задани ҳодиса ба боздоштгоҳ овардаанд.

Вай гуфт, дар ин ҳодиса чанд нафар захмӣ шудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад. Яке аз корбарони Радиои Озодӣ ба мо акси ҷавонеро фиристод, ки дар шифохона хоб аст ва навишт, ки ин ҷавон дар занозанӣ корд хӯрдааст.

Сокинони кучаи Зайнабибӣ мегӯянд, сабаби сар задани занозаниро намедонанд, вақте ба ҷои ҳодиса омаданд, гуруҳи ҷавонон аз ду кучаи шаҳр байни ҳам дашному занозанӣ доштанд.

Шуъбаи корҳои дохилии Исмоили Сомонӣ хабар дод, ки тафтишот шуруъ шудааст ва рӯзи 8-уми июл муфаттишони шуъба бо раисони маҳалаи “Зайнаббибӣ” ва “Заҳматобот” суҳбат кардаанд.

Моҳи январи имсол дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-ум дар шаҳри Душанбе ду нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG