Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти наҷоти наврасон дар Таиланд шурӯъ мешавад


Наврасон бо маводи зарурӣ таъмин шудаанд.
Наврасон бо маводи зарурӣ таъмин шудаанд.

Дар Таиланд рӯзи 8-уми июл амалиёт барои аз ғори пур об берун кардани 12 наврас ва мураббии футболи онҳо шурӯъ шуд. Ин 13 нафар бештар аз ду ҳафта мешавад, ки дар ғоре, ки маҳалли саёҳӣ ба ҳисоб меравад, дармондаанд.

Наронгсак Осотанакорн, раиси вилояти Чианг Рай гуфтааст, ки ҳаво барои оғоз кардани амалиёт хуб аст, сатҳи об дар ғор паст шудааст ва ғаввосон омодаи берун овардани наврасон ҳастанд.

Дар амалиёти наҷот ғаввосон аз чандин кишвар ва асосан Аврупо ширкат мекунанд. Наврасони таиландӣ ҳамроҳ бо муррабиашон рӯзи 23-уми июн барои таҳқиқи ғор рафтанд, ва ба сабаби борони зиёд роҳи бозгашташон баста шуд.

XS
SM
MD
LG