Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷои кор дар Додситонӣ – $3000? Боздошти "прокурор"-ҳои қалбакӣ


Мақомоти Додситонии кулл гуфтанд, ки суиистифода аз номи онҳо дар кори олуда ба фасод ба манфиат нест
Мақомоти Додситонии кулл гуфтанд, ки суиистифода аз номи онҳо дар кори олуда ба фасод ба манфиат нест

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, чанд мавриди суиистифода аз номи ин ниҳодро сабт кардааст ва аз сокинон хост, ки ба ҳар гуна ваъдаи халосӣ аз ҷавобгарӣ ва кор дар додситонӣ дода нашаванд.

  • Соли 2016 Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон натиҷаи як назарпурсиро нашр карда буд, ки беш аз 40 дарсад додситониро дар баробари мақомоти милиса ва гумрук яке аз ниҳодҳои фасодзада ном бурданд. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, суиистифода аз номи ин ниҳод дар зеҳни сокинон чунин андешаро ба вуҷуд овардааст.
Як нафар аз номи Муҳаммад Осимзода, муовини додситони кулл, қатъи парвандаи соҳибкореро ваъда кардааст.

Дафтари матбуотии Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл бо нашри як гузориш аз чанд нафаре ном бурд, ки аз номи ин ниҳод суиистифода карда ва ҳоло дар боздоштанд ваё зиндонӣ шудаанд. “Аксари онҳое, ки худро “прокурор” ё “одами прокурор” муаррифӣ кардаанд, доғи судӣ доранд”, - гуфт як масъули дафтари матбуотии Додситонии кулл.

Барои мисол, Шералӣ Умаров – сокини вилояти Суғдро, ки дар солҳои гуногун бар асоси 9 моддаи Кодекси ҷиноӣ, ба мисли қаллобӣ, сохтакорӣ ва мардумфиребӣ зиндонӣ шудааст, бо иттиҳоми суиистифода аз номи “прокурор” боздошт кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ӯ барои раҳоии Ойбек Шералиев, сокини ноҳияи Спитамен, ки бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шуда буд, аз хонаводаи ӯ 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Хеши корманди давлатӣ” аз Ғарғараи Данғара

Ҳатто “одамони прокурор”-ҳо низ аз сокинон барои додани вазифа дар Додситонии кулл “пора” гирифтаанд. Дар ин маврид додситонӣ аз Абдурасул Абдуллоев, сокини деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ёдоварӣ кардааст, ки худро “хеши корманди баландмақоми давлатӣ ва шиноси корманди муҳими Додситонии кулл” муаррифӣ карда, аз нафаре барои ба кор ворид кардани ӯ дар ин ниҳод 3 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Ин кор соли гузашта сурат гирифтааст ва мақомоти додситонӣ мегӯянд, гуноҳи ин нафар пурра собит шуда, Абдуллоев 5 сол зиндонӣ гардид.

Хуршед Абдураззоқов, як вакили дифоъ низ бо иттиҳоми суиистифода аз номи додситонии шаҳри Ваҳдат ва гирифтани “пора” аз як зерҳимояааш муттаҳам шудааст.

Дар ҳолати дигар, ба гуфтаи Додситонии кулл аз номи ин ниҳод Алиҷон Қарахонзода, корманди бахши дин ва танзими расму оини ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат низ суиистифода кардааст. Ӯ охири соли 2017 ҳамроҳ бо ду рафиқаш ба хонаи як сокини ин ҷамоат рафта, маросими тӯйи ӯро назорат кардааст. Алиҷон дӯсташ Бахтовар Холиқовро корманди прокуратура ва дӯсти дигараш ​Фаррух Содирзодаро корманди ҳукумати Ваҳдат муаррифӣ карда, тӯйи ин сокинро мавриди санҷиш қарор додааст. Дар поёни санҷиш ин мардро барои ду навъи хӯрок додан ба меҳмонон муттаҳам карда, барои ҷарима нашуданаш 600 сомонӣ талаб кардааст.

Ин баёнгари он аст, ки сокинон ба низоми додгоҳӣ чандон бовар надоранд. Ва ба ҳар роҳ талош мекунанд, ки парванда то додгоҳ наравад

Дар ин силсилаи боздоштҳо ҳатто нафаре низ ҳаст, ки ба гуфтаи додситонӣ аз номи Муҳаммад Осимзода, муовини додситони кулл қатъи парвандаи як соҳибкорро ваъда кардааст.

"То лаҳзаи охир ба дурӯғ бовар мекунанд"

Додситонии кулли Тоҷикистон бо зикри ин чанд намуна гуфтааст, афроде дар ҷомеа пайдо шудаанд, ки номи ин ниҳодро доғдор мекунанд. Як масъули Додситонии кулл рӯзи 7-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷабрдидаҳо то лаҳзаи охир ба дурӯғи онҳо бовар кардаанд.

“Чун додситонӣ ҳангоми боз кардани парвандаҳо ва тасдиқи фикрҳои айбдорӣ нақши калидӣ дорад, бисёриҳо аз номашон суиистифода мекунанд. Чанд бор, вақте бо наздикони айбдоршаванда суҳбат мекунем, ишора мекунанд, ки гӯиё ба адвокат ё ба каси дигар ба мо пул додаанд. Вақте тафтиш мешавад, ин ҳарфҳо дурӯғ мебарояд”, - гуфт ӯ.

Назари афроди боздоштшуда дар ин замина маълум нест. Аммо дар гузашта чанд ҳолати суиистифода аз номи Оҷонсии зиддифасод ва хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон сабт шуда буд.

Чаро аз номи додситонӣ суиистифода мекунанд?

Раҳимҷон Каримов, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, истифода аз номи як ниҳод дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд намеояд. Ӯ гуфт, боздошти чанд нафар бо далели истифода аз номи ин ниҳод бозгӯи он аст, ки дар гузашта чунин истифодаҳо натиҷа додаанд.

"Ин нишондиҳандаи он аст, ки сокинон ба низоми додгоҳӣ бовар надоранд ва ба ҳамин хотир ба ҳар роҳ талош мекунанд, парванда то додгоҳ наравад. Ё то додгоҳ рафтан бо моддаи сабуктар нисбаташон айб эълон шавад. Додситон метавонад, айбро сабуктар кунад ваё дар ҷиноятҳои сабуктар парвандаро қатъ кунад. Ҳамин андеша сокинонро водор мекунад, ки ба ҳалли корашон ба дасти додситон бовар кунанд", - гуфт ӯ.

Чанд интиқоди раиси ҷумҳур аз Додситонӣ

Дар гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо аз фасодкорӣ дар сохтори додситонӣ интиқод карда, ба ислоҳоти кадрӣ дар ин ниҳод даъват карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар. 17-уми феврали 2015
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар. 17-уми феврали 2015

Ӯ аз ҷумла моҳи феврали соли 2015 аз кори мақомоти додситонӣ ба шиддат интиқод кард ва чанд мақоми баландпояи Додситонии кулро аз вазифаҳояшон сабукдӯш намуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба додситонҳо гуфта буд, ин қадар қасру кӯшкро аз кадом ҳисоб бунёд кардаанд ва таъкид кард, далелҳое дорад, ки мақомдорҳо алайҳи мардум парвандаи сохта боз мекунанд ва аз онҳо пул талаб менамоянд.

Аз он пеш, моҳи июли соли 2014 дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ гуфта буд, ки агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG