Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳдид кард, ки тангии Ҳурмузро мебандад


Дар пайи таҳдиди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар бораи содироти нафт аз минтақа бидуни иштироки Эрон, фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ низ рӯзи панҷшанбеи 5-уми июл таҳдид ба бастани тангии Ҳурмуз кард.

Тангии Ҳурмуз оброҳе аст, дар миёни вилояти Ҳурмузгони Эрон ва вилояти Мусандами кишвари арабии Уммон, ки баҳри Уммонро бо Халиҷи Форс мепайвандад. Ин гузаргоҳ яке аз масирҳои муҳими байналмилалии киштиронӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Пас аз нашри суханони раиси ҷумҳури Эрон, ду мақоми баландпояи Сипоҳи посдорон таҳдиди "баста шудани тангии Ҳурмуз дар ҳолати зарурат"-ро такрор карданд, аммо як намояндаи баландпояи порлумони Эрон гуфт, ки манзури Ҳасани Рӯҳонӣ бастани ин гузаргоҳ набудааст.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи умумии Сипоҳи посдорони Эрон аз мавзеи ахири Ҳасани Рӯҳонӣ пуштибонӣ карда ва гуфтааст, "масъулони иҷроии кишвар дар ҳоли пеш гирифтани стратегия ва нигоҳи инқилобӣ дар саҳнаи набарди имрӯз бо душман, ба вижа Амрико", ҳастанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе зимни сафараш ба Шведсия гуфта буд, "аслан маънӣ надорад, ки нафти Эрон содир нашавад, он вақт нафти минтақа содир шавад". Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бидуни он, ки тафсилоте бештаре бидиҳад, хитоб ба ҳукумати Амрико гуфта буд, "агар шумо тавонистед, ин корро бикунед, натиҷаашро бубинед."

Дар мавриди ин изҳороти Ҳасани Рӯҳонӣ, яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷии Амрико ба Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ИМА ба ҳар изҳори назари мақомҳои эронӣ вокуниш нишон нахоҳад дод.

Аз сӯи дигар, яке аз сухангӯёни Ситоди фармондеҳии марказии ИМА рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфт, "нерӯҳои баҳрии Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа омодаанд, ки озодии рафту омад ва ҷараёни озоди тиҷоратиро дар ҳар куҷо, ки қонунҳои байналмилалӣ иҷоза медиҳад, барқарор кунанд."

Пас аз нашри суханони раиси ҷумҳури Эрон, ду мақоми баландпояи Сипоҳи посдорон таҳдиди "баста шудани тангии Ҳурмуз дар ҳолати зарурат"-ро такрор карданд, аммо як намояндаи баландпояи порлумони Эрон гуфт, ки манзури Ҳасани Рӯҳонӣ бастани ин гузаргоҳ набудааст.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломии Эрон дар номае хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ навишт, ки изҳороти ӯ дар бораи инки, "агар нафти Ҷумҳурии исломӣ содир нашавад, замонате барои содир шудани нафти ҳамаи минтақа вуҷуд надорад" ва ба гуфтаи ӯ ҳамчунин суханонаш дар бораи Исроил, "боиси ифтихор аст". Исмоил Кавсарӣ, яке аз фармондеҳони дигари Сипоҳи посдорон гуфтааст, агар "лозим бошад", Эрон тангии Ҳурмузро хоҳад баст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳашматуллоҳ Фалоҳатпеша, раиси нави Комиссияи амнияти миллии порлумони Эрон ва ҳамчунин Масъуд Гударзӣ, узви ин комиссия рӯзи панҷшанбе гуфтаанд, ки манзури Ҳасани Рӯҳонӣ "бастани тангии Ҳурмуз" нест ва "таҳдиди Рӯҳонӣ эълони ҷанг набуд."

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ бо ишора ба ин, ки созишномаи ҳастаӣ бо Эрон ба беҳбуди сулҳи ҷаҳонӣ кӯмак накард ва Ҷумҳурии исломӣ ба фаъолиятҳои мушакӣ ва "ҳимояташ аз терроризм" идома дод, хуруҷи кишвараш аз ин созишнома ва бозгашти таҳримҳо алайҳи Эронро эълом кард.

Бар асоси ҷадвале, ки рӯзи душанбеи ин ҳафта мудири сиёсатгузории вазорати умури хориҷии Эрон эълом кард, таҳримҳои нави Амрико, ки шомили бахшҳои мошинсозӣ ва тиҷорати тиллои Эрон аст, дар моҳҳои наздик ва таҳрими нафт, энержӣ ва интиқоли бонкӣ ҳам дар чанд моҳи оянда, ба сурати иҷро медарояд.

Дар ҳафтаҳои ахир музокироте байни Эрон ва се кишвари аврупоӣ ба ҳадафи "наҷоти созишномаи ҳастаӣ бо вуҷуди таҳримҳои Амрико", дар ҷараён буд ва расонаҳои Эрон гузориш кардаанд, ки пешниҳодҳои ин кишварҳо дар ихтиёри Эрон қарор гирифтааст. Доналд Трамп пештар таъкид карда буд, ширкатҳое аврупоие, ки ба муомила ва тиҷорати худ бо Эрон идома медиҳанд, шомили таҳримҳои Амрико хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG