Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ амр дод, Радиои Озодӣ ҷарима пардозад


Дафтари Радиои Озодӣ дар Маскавро бо иттиҳоми “риоят накардани қонуни матбуот, ки расонаҳои хориҷиро “маъмури хориҷӣ” меномад, ҷарима бастанд.

Додгоҳи Маскав рӯзи 5-уми июл амр дод, ки Радиои Озодӣ 100 000 рубл ва ё 1600 доллар ҷарима пардозад ва дархости вакили дифои радио барои ба таъхир андохтани мурофиаро рад кард.

Радиои Озодӣ гуфт, масъалаҳои ҳуқуқии ин амри додгоҳро баррасӣ мекунад, чун дар ниҳоят мумкин аст, ба зидди Радиои Озодӣ ва кормандони он дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Томас Кент, мудири Радиои Озодӣ гуфт, амри додгоҳ “шиддат гирифтани амалкардҳои Русия барои фалаҷ кардани кори радио ва барангехтани шубҳа дар бораи хабарнигорони Радиои Озодӣ аст”.

Радиои Озодӣ муассисаи мустақилест, ки Конгресси Амрико ба он кӯмак мекунад. Ҳашт моҳ пештар аз ин амр вазорати адлияи Русия Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва чанд расонаи дигарро “маъмури хориҷӣ” унвон дод. Кишварҳои ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ин қонуни Русияро танқид карданд.

Видеоҳои охирин

Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG