Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарорат дар Тоҷикистон аз марзи 40 дараҷа мегузарад


Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва бахусус беморони қалб хостаанд, аз рӯзҳои 7 то 10-уми июл безарурат аз хона берун наоянд, чун мумкин ҳарорати тоқатфарсо сабаби нафастангӣ ва авҷ гирифтани бемориҳояшон шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо нашри як баёния рӯзи 5-уми июл гуфт, мумкин аст, ҳарорат дар бисёре аз манотиқи кишвар аз марзи 40 дараҷа бигзарад.

Дар ин баёния омадааст, агар касе ҳам берун ояд, бояд Кӯшиш кунад, ки ҳарчӣ камтар зери нури офтоб бошад. Дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед”

Тавсия ба афроди гирифтори бемории фишори баланд, диққи нафас ва бемории қалб ин аст, ки тибқи тавсияҳои духтурон амал кунанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, сар аз рӯзи 7-уми июл ҳарорат дар тамоми кишвар боло меравад ва дар вилояти Хатлон ба 43, ноҳияҳои тобеи марказ 42, вилояти Суғд 42, дар шаҳри Душанбе 41 мерасад. Хатари дигари ҳарорати баланд, “обшавии пиряхҳо ва омадани сел ва ярч дар доманакӯҳҳо будааст.

XS
SM
MD
LG