Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ду корманди ВКД барои беэътиноӣ ба муроҷиати аҳолӣ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ду кормандашро барои беэътиноӣ ба муроҷиати шаҳрвандон, муҷозот кардааст. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, муҷозоти ин ду нафар бар асоси шикояти як корбари шабакаи иҷтимоӣ "Фейсбук", сурат гирифтааст.

Аз дафтари матбуоти ВКД рӯзи 5-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҷамшед Олимов, як корбари "Фейсбук" рӯзи 16-уми июл ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ занг зада, оид ба латукӯби як марди номукаллаф аз ҷониби шахси номаълум, хабар додааст.

Манбаъ гуфт, ин ҳодиса ба Одинаев М.С як масъули ШКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ расонида шуд ва ӯ бояд ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро равон мекард. Аммо, "Одинаев М.С. ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ҷои ҳодиса равон кардан, танҳо ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия Ассоев М.И.-ро равон кардааст, ки номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст."

Дар ВКД мегӯянд, ду масъули пулис дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои нақзи муқарраротҳои ин ниҳод муҷозот шуда, "танбеҳ" гирифтанд. Масъулини Вазорати умури дохилӣ бо нашри ин хабар мегӯянд, тамоми муроҷиат ва арзиш шаҳрвандон, ки тариқи телефони боварӣ ба ин ниҳод мерасанд баррасӣ мешаванд.

Телефони боварии Вазорати умури дохилӣ бо нишони 221-21-21 соли 2012 баробари ба сари кор омадани Рамазон Раҳимзода ба кор шурӯъ кард. Ҳадаф аз ин кор, тамоси мустақими мардум бо шахси аввали ин ниҳод гуфта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми августи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG