Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойтахти Озарбойҷон бори дуввум бе нерӯи барқ монд


Дар пойтахти Озарбойҷон барои дуввумин бор нерӯи барқ дар бисёре аз гӯшаҳои шаҳр қатъ шуд ва ҳазорон нафар дар дохили метро монданд. Инфиҷор дар як нерӯгоҳи барқи обӣ дар Озарбойҷон сабаби аз нерӯи барқ маҳрум шудани бисёре аз сокинони кишвар шуд. Ҳодиса 3-уми июл рух дод ва пойтахти Озарбойҷон шабона дар торикӣ монд.

Рӯзона, ки ҳарорат дар Боку гарми тоқатфарсо аст, нерӯи барқ дигарбора қатъ шуд. Чунин ҳодиса дар даҳсолаҳои ахир дар Озарбойҷон дида нашудааст. Баъди қатъи барқ, метро аз кор монд ва маъмурони наҷот маҷбур шуданд, ҳазорон нафарро аз қаторҳои зеризаминӣ берун кунанд.

Расонаҳои озарӣ мегӯянд, ки интиқоли нерӯи барқ рӯзи 4-уми июл дар тамоми қаламрави кишвар аз сар гирифта шудааст. Дафтари раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон гуфтааст, ки истифодаи беш аз ҳадди таҷҳизоти сардкунӣ дар тобистон сабаби фишори зиёд ба шабакаҳои барқӣ ва таркиш дар нерӯгоҳи Мингачевир шудааст.

XS
SM
MD
LG