Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 афғон бо иттиҳоми "бадахлоқӣ" дар Душанбе


Акс аз навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Ду ҷавони афғон бо иттиҳоми "бадахлоқӣ" дар Душанбе боздошт шудаанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ду ҷавонро ҳамроҳи духтарони тоҷик дар манзиле дар пойтахт дастгир карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми июл аз баъзе гурезаҳои афғон дар кишвар ба шиддат интиқод кардааст, ки ба ҷойи итоат ба қонун, онро нақз мекунанд.

Навори боздошти ду ҷавони афғон бо духтарони тоҷик тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон низ пахш шуд ва дар он гуфта мешуд, ин ҷавонон ҳангоми ошкор шудани як фоҳишахона боздошт шудаанд.Ба қавли масъулини ВКД, ду ҷавони дастгиршуда Амрулло Одил ва Абдулатиф Ризоӣ мебошанд, ки яке 32 ва дигари 29 сол доранд. Ин ду нафар дар суҳбат бо мақомоти тоҷик гуфтаанд, қаблан Фарангис Бадалова, як сокини Душанбе ба онҳо акси ин духтаронро равон намуд ва онҳо бо миёнаравии ин зан бо духтарони тоҷик ҳамхоба шудаанд.

Ҳарчанд масъулини Вазорати умури дохилӣ дақиқан нагуфтанд, ки ин ду нафар гуреза ҳастанд ё не, аммо дар пайи он аз гурезаҳои афғон башиддат интиқод карданд, ки қонунҳои Тоҷикистонро риоя намекунанд.

"Тассуфовар аст, ки аксари шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси гуреза дар кишвари мо иқомат намуда, аз рӯи инсондӯстиву гуманизм роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додааст. Вале онҳо ҷойи итоат намудан ба қонунҳои амалкунанда, бар хилофи он амал менамоянд", - гуфтанд масъулини ВКД.

Дар Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, нисбат ба Амрулло Одил ва Абдулатиф Ризоӣ корҳои тафтишотӣ идома доранд. Дар барномаи Вазорати умури дохилӣ ҳамчунин аз бархе духтарони тоҷик барои фоҳишгарӣ интиқод шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Созмони кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд, беш аз 90 дарсади паноҳҷӯён дар Тоҷикистон афғонҳо мебошанд, ки қисми бештарашон ҷавонон мебошанд. Нахуст афғонҳо дар шаҳри Душанбе маскун шуданд ва дар гӯшае аз пойтахт, бозоре бо номи “бозори афғонҳо” фаъол буд. Баъдан мақомот дастур доданд, ки паноҳандагони афғон дар ноҳияҳои атроф зиндагӣ кунанд ва ҳоло қисми бештари паноҳҷӯйҳои афғон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд. Аммо бо ин ҳам теъдоди зиёди афғонҳо дар шаҳри Душанбе иқомат мекунанд ва дар тиҷорату таъмири мошинҳо фаъоланд.

Видеоҳои охирин

Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони "Истиқлол" бистарӣ шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:52 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG