Мақомоти Малайзия эълом карданд, ки Наҷиб Раззоқ, нахуствазири собиқи он кишвар аз сӯи Идораи мубориза бо фасоди молӣ боздошт шуда ва ба иттиҳоми ширкат дар тороҷ кардани миллионҳо доллар аз Сандуқи рушди Малайзия, алайҳи ӯ парванда боз шудааст. Наҷиб Раззоқ муттаҳам аст, ки ба ҳудуди 700 миллион доллар пули ҳукумат дастдарозӣ кардааст.
Наҷиб Раззоқ бо 10 моддаи Кодекси ҷиноятии Малайзия муттаҳам мешавад.
Идораи махсуси таҳқиқотӣ дар бораи дуздӣ ва пулшӯӣ дар Сандуқи рушди Малайзия гуфт, боздошти Наҷиб Раззоқ ба интиқоли бонкии машкуки ҳудуди 10 миллион доллар аз яке аз ниҳодҳои зертобеи ин сандуқ ба ҳисоби шахсии нахуствазири пешин, рабт дорад. Ин идора дар баёнияи кӯтоҳе гуфт, Наҷиб Раззоқ рӯзи чаҳоршанбе дар додгоҳ ҳозир хоҳад шуд.
Боздошти Наҷиб Раззоқ ду моҳ пас аз шикасти сангини эътилофи таҳти раҳбарии ӯ дар интихоботи порлумонии моҳе май сурат мегирад. Ҳукумати нави Малайзия таҳқиқот дар бораи сӯистифодаҳои молӣ аз Сандуқи рушди Малайзияро, ки дар замони ҳукумати Наҷиб Раззоқ мутаваққиф шуда буд, оғоз кардааст.
Наҷиб Раззоқ ва ҳамсараш, ки ба хотири нақши онҳо дар парвандаҳои фасоди молӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буданд, ҳоло ҳаққи хуруҷ аз Малайзияро надоранд. Дар ҳоли ҳозир пулис аз манзилҳои мутааллиқ ба хонаводаи Наҷиб Раззоқ даҳҳо сандуқи ҷавоҳирот ва ашёи пурқиматро ба арзиши 272 миллион доллар, кашф ва мусодира намудааст. Худи Наҷиб Раззоқ ҳар гуна қонуншиканиро радд кардааст.
Хабаргузориҳо мегӯянд, ки ҳукумати нави Малайзия бо раҳбарии Маҳотир Муҳаммад дар бархӯрд бо масъалаи сӯистифода аз қудрат, ки дар гузашта рӯй додааст, бисёр ҷиддӣ мебошад. Дар айни ҳол ин чораҳо, талоше барои бозгардонидани обрӯи Малайзия ва қадаме ба сӯи ҳукуматдории шаффоф аст.
Наҷиб Раззоқ бо 10 моддаи Кодекси ҷиноятии Малайзия муттаҳам мешавад. Ба гузориши хабаргузориҳо, парвандаи нахуствазири пешини Малайзияро додситони нави он кишвар зери назар дорад.
Идораи мубориза бо фасоди молии Малайзия бо густариши доманаи таҳқиқот дар мавриди сӯистифодаи молӣ дар Сандуқи рушди Малайзия рӯзи сешанбе аз Ризо Азиз -- писархондаи Наҷиб Раззоқ, ки дар Ҳолливуд таҳиякунандаи филм аст, бозҷӯӣ кард.
Додситонии Амрико мегӯяд, ширкати вобаста ба Ризо Азиз аз пулҳое, ки аз Сандуқи рушди Малайзия дуздида шуда буд, барои хароҷоти филмҳои ин ширкат дар Амрико истифода кардааст. Ин ширкат дар моҳи март барои хотима додан ба шикоятҳои додситонии Амрико, ҳозир шуд 60 миллион доллар ҷарима пардохт кунад.
Боз кардани парванда алайҳи ширкати писархонди Наҷиб Раззоқ яке аз талошҳо барои пас гирифтани бахше аз 4,5 миллиард долларе аст, ки ба гуфтаи додситонии Амрико, аз Сандуқи рушди Малайзия ба яғмо рафтааст. Ба гуфтаи Додситонии Амрико, садҳо миллион доллар аз амволи ин сандуқ ба ҳисобҳои шахсии Наҷиб Раззоқ гузаронида шудааст.
Ҳукумати Малайзия ахиран эълом кард, ки беш аз 400 ҳисоби бонкиро бастааст, ки ба 81 нафар ва 55 ширкат тааллуқ доранд ва дар байни солҳои 2011 то 2015 аз Сандуқи рушди Малайзия пул дарёфт кардаанд.