Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи зилзила қисме аз нақби "Хатлон" фурӯ рафтааст


Бар асари зилзилаи як моҳи пеш қисме аз роҳи нақби "Хатлон" фурӯ рафтааст. Дар ҳоли ҳозир ҳаракати нақлиёт аз Душанбе ба самти Кӯлоб ва Бадахшон тариқи роҳи пешинаи ағбаи "Чормағзак" сурат мегирад.

Ба қавли мақомот, ҳоло таъмири қисми фурӯнишастаи нақб идома дорад. Нақби "Хатлон" дар ҳудуди ҷамоати деҳоти "Дӯконӣ"-и шаҳри Норак ҷойгир буда, пойтахтро бо минтақаи Кӯлоб ва вилояти Бадахшон мепайвандад.

Нақби "Хатлон" дар тирамоҳи соли 2013 мавриди истифода қарор гирифт ва номаш аз "Чормағзак" ба "Хатлон" иваз шуд.

Абдуқаҳҳор Худойбердиев, муҳандиси Идораи роҳу нақлиёти шаҳри Норак, рӯзи 2-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари заминларза ҳудуди 150 метр роҳи дохили нақб фурӯ рафта, таъмирталаб шудааст.

"Тақрибан 10 рӯз боз ҳаракати мошинҳо тариқи он қатъ шудааст. Корҳои таъмиру бозсозӣ дар дохили нақб идома дорад", - афзуд ӯ.

Фаррухрӯз Миралӣ, сардори Кумитаи ҳолатҳои изтирории шаҳри Норак, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "об ба дохил даромадааст ва қисми поёнии нақб низ каме фурӯ нишастааст. Ҳоло таъмир ҷараён дорад."

Ҷамшед, ҷавони 23-солае, ки миёни Душанбеву Норак кирокашӣ мекунад, гуфт, бо баста шудани нақб ва ҳаракат тариқи ағба роҳи онҳо 12 километр дур шудааст. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, роҳкиро аз Душанбе ба Норак аз 15 сомонии қаблӣ ба 20 сомонӣ боло рафтааст.

Нақби "Хатлон" дар тирамоҳи соли 2013 мавриди истифода қарор гирифт ва номаш аз "Чормағзак" ба "Хатлон" иваз шуд. Мақомот дар маросими ифтитоҳи нақб гуфта буданд, ки арзиши лоиҳавии он 300 миллион сомониро ташкил намуда, сохтмонаш бо сифати баланд анҷом шудааст.

Ин нақб аз сӯи ширкати "Чайна Роуд"-и Чин сохта шуда, дарозиаш 4,5 километр мебошад. Бунёди нақби "Хатлон" ва як нақби дигар дар масири Душанбе-Кӯлоб, дар маҷмӯъ роҳ то ин минтақаро 100 километр кӯтоҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG