Пайвандҳои дастрасӣ

Мавсими истироҳат фаро расид. Ба Анталия равем ё Шоҳамбарӣ? ВИДЕО


Мусофирони ширкати ҳавоии "Сомон эйр" аз Душанбе ба Анталия. 1-уми июли соли 2018.

Дар ҳоле, ки фасли истироҳати тобистона фаро мерасад ва бисёр сокинон барои дар куҷо сипари кардани рухсатиҳо андеша мекунанд, ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" нахустин парвози чартерӣ аз Душанбе ба минтақаи тафреҳии Анталияи Туркияро оғоз кард, ки шароити истироҳат дар ин кишварро фароҳам месозад. Аммо теъдоди андаки дар ҷомеаи Тоҷикистон имкон доранд аз чунин хадамоти ҷаҳонгардӣ истифода кунад.

Ба бовари коршиносон, ҳарчанд арзиши пешниҳоди ширкатҳои сайёҳӣ барои сафар ба кишварҳои хориҷӣ гӯиё дастрас мебошанд, аммо ҳанӯз ин қиматҳо барои сокинони Тоҷикистон дандоншикан ҳастанд.

Сокини шаҳри Душанбе, Саодат Қосимоваи 42-сола ҳамроҳи се фарзанди ноболиғаш тӯли се соли ахир ҳар тобистон барои истироҳат озими баҳри Миёназамин дар Туркия мешавад.

Вай мегӯяд, ки қаблан масири сафараш аз Душанбе ба Истамбул ва сипас ба Анталия сурат мегирифт ва ҳазинаи сафари ҳар як узви хонаводааш на камтар аз 1,5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекард.

Аммо имсол хушҳол аст, ки бо сарфи маблағи камтар метавонад тафреҳи оилаашро ташкил кунад. Хонум Қосимова баъд аз зуҳри 1-уми июл қабл аз парвози мустақимаш ба Анталияи Туркия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳим ин нукта низ аст, ки барои сафар ба Анталия ҳамакнун вақти камтарашро масраф мекунад.

Мавсими истироҳат фаро расид. Ба Анталия равем ё Шоҳамбарӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Вай гуфт, қаблан маҷбур буд ҳамроҳи фарзандонаш аз Душанбе ба Истамбул ва аз он ҷо бо ҳавопаймои дигар боз чанд соати дигар то Анталия парвоз кунад, ки дар ин сурат ҳам маблағи бештар сарф мешуд ва ҳам вақти зиёд.

"Ҳоло нигаронам аз сафари мустақим ба Анталия, вале умедворам ҳамааш ба хубӣ анҷом меёбад. Ин ҳам муҳим аст, ки имсол барои сафар ба Анталия бар ивази 550 доллари амрикоӣ барои ҳар як нафар роҳхат харидам" -афзуд вай.

Фақат барои қишри доро

Маҳбуба Исҳоқова, як масъули ширкати "Про-тур" аз Қазоқистон, ки ба хонум Қосимова роҳхати сафар ба Анталияро фурӯхтааст, мегӯяд, ки минбаъд ин навъи сафар барои истироҳат дар миёни сокинони Тоҷикистон алоқамандони зиёде хоҳад дошт. Аммо вай низ ба ин бовар аст, ки истироҳат дар осоишгоҳҳои кишварҳои хориҷиро танҳо қишри дорои ҷомеа метавонанд ба худ раво бинанд.

Мавсими истироҳат фаро расид. Ба Анталия равем ё Шоҳамбарӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Маҳбуба Исҳоқова, парвозҳои чартерӣ барои сафари оилавӣ хеле муносиб аст, зеро, тавассути як парвози панҷсоата шахс ба Анталия мерасад ва зуд дар осоишгоҳ ҷойгир мешавад. Вай ба ин бовар аст, ки бо дарназардошти арзонии роҳхат, ба зудӣ алоқамандони чунин сафар бамаротиб бештар мешавад.

Фарида Нуридинова, як масъули ширкати сайёҳии "Рӯдакӣ Тревел" аз Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳатто қабл аз шурӯи парвозҳои чартерӣ бештаре аз алоқамандони истироҳат дар хориҷ аз Тоҷикистон Анталияи Туркияро интихоб мекарданд. Хонум Нуриддинова афзуд, ки танҳо тавассути ширкати онҳо ҳамасола садҳо сокини Тоҷикистон вобаста ба шароити иқтисодии худ саёҳат ва истироҳат дар кишварҳои хориҷиро интихоб мекунанд.

Миср, Сингапур ва ё Шоҳамбарӣ

Ба гуфтаи Фарида Нуриддинова, сокинони Тоҷикистон барои сайёҳӣ асосан Анталияи Туркия, Малайзия, Сингапур, Таиланд ва Мисрро интихоб мекунанд ва ширкати онҳо ҳар ҳафта тақрибан барои то 40 нафар роҳхат барои сафар ба ин кишварҳоро фароҳам месозад.

"Панҷоҳ дарсади алоқамандони сафар ба хориҷ аз Тоҷикистон аъзои хонаводаҳо ҳастанд, ки мехоҳанд оилавӣ тафреҳи тобистонаи худро баргузор кунанд"- афзуд масъули ширкати "Рӯдакӣ Тревел".

Ба гуфтаи хонум Нуриддинова, вобаста аз вазъи молӣ, сарватмандон талош мекунанд ба кишварҳои аврупоӣ сафар кунанд, ки теъдодашон чандон зиёд нест. Қишри миёнаи кишвар Туркия ва кишварҳои Осиёи шарқиро ба унвони маҳалли истироҳату саёҳат интихоб мекунанд.

Қиматҳои ҳанӯз ҳам дандоншикан

Ба эътиқоди ҷомеашиносон, теъдоди чунин афрод ҳамасола беш аз ду-се ҳазор набудааст. Рустам Бобоҷонов, иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки ҳарчанд арзиши пешниҳоди ширкатҳои сайёҳӣ барои сафар ба кишварҳои хориҷӣ гӯиё дастрас мебошанд, аммо ҳанӯз ин қиматҳо барои сокинони Тоҷикистон дандоншикан ҳастанд.

Вай гуфт, ки "зимни муқаррар кардани нархи саёҳат ба хориҷи Тоҷикистон хароҷоти роҳкирову ҳавопаймо ба инобат гирифта мешавад, ки дар Тоҷикистон хеле гарон аст. Дар Тоҷикистон, ки музди миёна ҳудуди 130 доллар мебошад, пардохти маблағи аз ин бештар барои истироҳат дар хориҷ аз кишвар барои бештаре аз аҳолии Тоҷикистон дастнорас аст".

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик.
Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик.

Ба ин далел бештаре аз қишри миёнаи Тоҷикистон, ки дар як моҳ то 1,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд, талош мекунанд таътили тобистонаи худро ба таъмири манзил ё захираи ғизо барои фасли зимистон масраф кунанд.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик бар ин назар, ки шароити иқтисодии сокинони Тоҷикистон мардумро водор мекунад, ки аз маблағи пасандоз кардаи худ дар тӯли сол фасли таътили тобистона дар сурати зарурат танҳо барои табобат дар осоишгоҳҳои кишвар истифода кунад.

Шояд ба ин далел аст, ки пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ аз сокинон дар бораи маҳалли охирини истироҳати тобистонаашон нишон дод, ки онҳо маъмулан берун аз шаҳр дар дараи Варзоб ё дар зодгоҳашон, ки навоҳии умдатан кӯҳистонӣ мебошанд, истироҳат кардаанд.

Парвозҳои чартерӣ як навъи интиқоли ҳавоии мусофирон аст, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон маъмулан барои интиқоли ҷаҳонгардон истифода мешавад. Ба чунин парвозҳо ширкатҳои ҳавоӣ билет намефурӯшанд. Ин парвозҳо аз сӯи ширкатҳои сайёҳӣ барои интиқоли муштариёнаш то ба маҳалли истироҳат ва баръакс истифода мешавад.

Парвози Душанбе-Анталия мустақим сурат мегирад ва "Сомон Эйр" танҳо ҳаққи убур аз ҳарими ҳавоии кишварҳоеро пардохт мекунад, аз фарози он мегузарад. Бимаи мусофирон дар чунин парвозҳо низ бар дӯши ширкатҳои ҳавоӣ вогузор мешавад.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG