Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оббозӣ манъ аст" Сокинони Душанбе дар гармӣ ба куҷо раванд? ВИДЕО


Гармии тобистони Тоҷикистон мардуми кишвар, бахусус ҷавонону наврасонро ба сӯи рӯдхонаву кӯлҳо кашондааст. Аммо гоҳе наврасони бехабар аз қоидаҳои шиноварӣ дар рӯдхонаву ҳавзҳо ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар ғарқ шудаанд, ки нисфи онҳо афроди зери синни 15-сола будаанд.

Бахтиёр, сокини ҷавони шаҳри Душанбе, дар ин гармои тобистон ҳафтае ду дафъа ба соҳилҳои дарёи пойтахт меравад. Ӯ гуфт, ки дар наздикии хонаи онҳо ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст ва обаш низ мусаффост, аммо ба сабаби гаронии нархи он ҳамроҳи рафиқон ба рӯдхона меравад.

Ин наврас иқрор мекунад, ки оббозӣ дар дарёи пуртуғён осон нест. «Агар ба дарунтари дарё равем, об мебарад. Барои ҳамин, дар лаби дарё оббозӣ мекунем. Агар ҳавзҳои оббозӣ зиёд бошад, хуб мешуд. Як дарёчаи дигар ҳам ҳаст, вале обаш лой аст. Дар он оббозӣ карда намешавад», - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Оббозии наврасони Душанбе дар маконҳои хатарнок аз бепулӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

"Аз Кӯли ҷавонон то дарёи Варзоб"

Бахтиёр ва дӯстони ӯ танҳо наврасоне нестанд, ки дар рӯдхонаҳои хатарнок оббозӣ мекунанд. Гурӯҳе аз наврасон ҳам бо тай кардани садҳо метр роҳ аз Душанбе ба рӯдхонаи Варзоб мераванд. Як мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз рӯдхонаи Душанбе то даромадгоҳи маркази ноҳияи Варзоб ҳузури дастҷамъии наврасон ҳангоми оббозӣ дар соҳил ба назар мерасад.

Аммо як идда аз наврасони пойтахт дар ҳавзҳои махсуси шиноварии пулакӣ ва бархе ҳам дар ҷойҳое, ки қаблан барои оббозӣ сохта шуда ҳоло мамнӯъ аст, салқин мешаванд. «Кӯли ҷавонон», ки дар гузашта макони аслии оббозӣ барои сокинони пойтахт буд, ҳоло аз нав бозсозӣ мешавад ва дар он оббозӣ манъ аст. Рӯзи 20-уми июн бо вуҷуди манъ будани шиноварӣ даҳҳо нафар дар канори кӯл машғули оббозиву истироҳат буданд.

Панҷ нафар ҷон бохтанд

Субҳони Ҷамшед, наврасе, ки аз об берун шуд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барояш аз дарё дида, оббозӣ дар кӯл роҳаттар аст. Дар ҳар канори ин кӯл дар овезаҳо навишта шудааст, ки “оббозӣ манъ аст.” Аммо ягон нафар ба ин овезаҳо ва навиштаҷот аҳамият намедиҳад.

Бо оғози фасли тобистон аллакай дамои ҳаво дар бархе минтақаҳои кишвар то 40 дараҷа ва бештар аз он расидааст. Дар чунин гармии шадид талабот ба ҷойҳои махсуси оббозӣ зиёд мешавад. Вале зоҳиран чунин маконҳои вижа барои ҳама кифоят намекунад.

Мақомот аз шурӯи тобистон ба ин сӯ аз паёмадҳои нохушӣ оббозии сокинон дар ҷойҳои номуносиб изҳори нигаронӣ мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн гуфт, 5 нафар ҳангоми оббозӣ дар рӯдхонаву кӯлҳо ғарқ шуда ва ҷони худро аз даст додаанд, ки се нафарашон ноболиғони то 15-сола буданд.

Дар куҷо бояд оббозӣ кунанд?

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, гуфт, "сабаби аслии ғарқшавии ноболиғон риоя накардани қоидаҳои шино, надонистани ҳунари оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ва беаҳамиятии волидон ба кӯдакон аст".

"Ҳоло барои сокинони шаҳри Душанбе маконҳои оббозӣ дар маҳаллаи Чорбоғи 1 ва Чорбоғи 2, кӯли «Комсомол» ва аквапаркҳо тавсия дода мешавад. Ин маконҳо ба талаботи оббозӣ ҷавобгӯ буда, ҳарорати об мутобиқ ба оббозӣ аст ва боиси фалаҷ шудани мушакҳои инсон намегардад", - афзуд Юсупова.

Умеда Юсупова
Умеда Юсупова

Ҳоло дар баробари ин маконҳои оббозӣ, ки барои сокинон тавсия мешавад, ҳавзҳои шиноварии замонавӣ ҳам зиёд бунёд мешавад. Аммо нархи оббозӣ дар ин ҳавзҳо ба ҷайби ҳамаи хоҳишмандон мувофиқ нест.

Соли гузашта беш аз 100 нафар ғарқ шудаанд

Барои мисол, дар Душанбе ҳавзи шиноварии "Делфин" фаъолият дорад ва ба қавли сокинон ягона ҷойи оббозист, ки оби тозаву аз ҷиҳати саломатӣ бехавф дорад. Барои чаҳор соати оббозӣ дар ин макон аз хурдсолон то 40 сомонӣ ва аз миёнсолону калонсолон 75 сомонӣ талаб мешавад. Дар маконҳои дигари шиноварии хусусӣ барои як соат аз муштарӣ то 10 сомонӣ маблағ талаб мешавад.

Дар зимн, шиноварӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, хеле маъмул аст ва алоқамандони зиёд дорад. Вале ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд. Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар беш аз 100 нафар ғарқ шудаанд, ки нисфи онҳо афроди зери синни 15-сола будаанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG